Журналисти маъруф, собиқ сармуҳаррири шуъбаи мусаввараи АМИТ «Ховар», Корманди шоистаи Тоҷикистон Зиннат Азизов дар 89-солагӣ аз олам даргузашт

Февраль 24, 2020 16:02

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 20 феврал дар шаҳри Қазон (Тотористон) журналисти маъруф, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муаллифи нашрияҳо ва хотираҳои сершумор дар бораи ҳаёт, кор, кофтуков ва кашфиёти илмии одамони одӣ ва маъруф Зиннат Азизов дар синни 89 аз олам даргузашт.

Тақрибан панҷоҳ сол Зиннат-ака дар ВАО ба ҳайси хабарнигор-мусаввири маҷаллаҳои «Тоҷикистон» ва «Занони Тоҷикистон», мухбири махсуси «ТАСС-ТоҷикТА» дар водии Вахш, сармуҳаррири шуъбаи мусаввараи «ТоҷикТА» (ҳоло АМИТ «Ховар») фаъолият кардааст.

Собиқаи кории ӯ қариб 60 сол буд. Соли 1943 дар овони наврасӣ ба кор шурӯъ кард, зеро падараш ба фронт рафта буд.

Ӯ дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат карда, тавонист аксбардориро комилан аз худ кунад. Журналист шуда, ҳамеша маводашро бо аксҳо рангин мекард. Соли 1962 бо қарори доварони Намоишгоҳи умумииттифоқии ҳунари аксбардорӣ дар Москва «Ҳафтсола дар амал» ӯ барои акси «Первый день жизни» (Рӯзи аввали ҳаёт) бо диплом бо имзои Вазири фарҳанги ИҶШС Э. Фуртсева сарфароз гардонида шуд.

То айёми пирӣ Зиннат Азизов дастгоҳи аксбардориро аз худ дур накард. Дар ёддоштҳое, ки тайи солҳои охир дар Қазон нашр шудаанд, ӯ дар бораи рӯйдодҳои ҷолиб, далелҳо, вохӯриҳо ва мушоҳидаҳои журналисти касбӣ, ки давоми солҳои тӯлонии фаъолияташ рух додаанд, нақл мекунад. Ин аст, ки худи ӯ дар муқаддимаи китобаш «Аз Волга то Вахш» («От Волги до Вахша») менависад:

«Хоҳари калониам маро бори аввал соли 1937 ба мактаб овард, аммо таҳсилам душвор буд, зеро қариб забони русиро намедонистам ва аз ҳамин сабаб давоми чор сол ду маротибагӣ дар синфҳои якум ва дуюм таҳсил кардам. Ва аллакай дар аввали соли 1943 фаъолияти худро аз 12-солагӣ оғоз кардам, зеро падарамро ба фронти меҳнатӣ бурда буданд.

Дар соҳаҳои гуногун ба ҳайси ошпаз, нонпаз, ронанда кор карда, 12 сол таҳсилро идома додам ва баъдан Донишкадаи омӯзгории Душанбе ба номи Т.Шевченкоро хатм намудам. Ман дар назди худ мақсад гузоштам ва ҳатто ба худ савганд додам, ҳамаи он чизеро, ки дар тӯли тамоми солҳои бесаводиам аз даст додам, ба ҳар роҳ барқарор кунам. Ва он оҳиста-оҳиста ба як одат табдил ёфт: дер хоб кардан, барвақт хестан ва ҳама вақт хондан. Касе, ки бисёр мехонад, дуруст менависад.

Шурӯъ аз соли 1959 дар расонаҳои гуногун ҳамчун аксбардор, корманди адабӣ ва мухбири махсуси «ТАСС-ТоҷикТА» кор карда, бо супориши идораи таҳририя ба тамоми ҷумҳурӣ сафар намудаам. Ман аксар вақт шоҳиди комёбиҳои бузург дар мамлакат будам ва бо бисёре аз одамони машҳур шинос шудам. Дар тӯли ним аср фаъолияти эҷодиам эҳтимол беш аз як миллион маротиба тугмачаҳои дастгоҳҳои аксбардориамро пахш намуда, лаҳзаҳои таърихиеро, ки дар Тоҷикистон ва дар маҷмуъ тамоми Иттиҳоди Шӯравӣ рух додаанд, сабт кардам».

Аз соли 1963 З. Азизов узви Иттифоқи журналистони ИҶШС ва Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва ба унвони «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мушарраф шудааст.

Аксҳо аз бойгонии оилавии З.Азизов

Февраль 24, 2020 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Се китоби рӯзномаи «Ҷумҳурият»: «Эмомалӣ Раҳмон ва эҳёи тамаддуни ориёӣ», «Бозгашти қаҳрамон» ва «Бозгашти қаҳрамон 2» муаррифӣ гардид
Конференсияи ҷумҳуриявии «Забон рукни муҳимми Истиқлоли давлатӣ ва ҳамбастагии ҷомеа» баргузор гардид
Дар Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Дар Тоҷикистон соли 1991 танҳо 15 театр фаъолият мекард
«Эмомалӣ Раҳмон — муаррифгари таърихи ниёгон ва тамаддуни навини тоҷикон». Таҳти ин унвон китоб ба нашр расид