Зулфия Давлатзода: Дар 95 муассисаи таълимӣ мутахассисони соҳаи фарҳанг омода карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 06.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 95 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг амал мекунанд, ки дар онҳо мутахассисони баландихтисос омода карда мешаванд. Ин нуктаро имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотии ин ниҳод ба хабнигорон иброз намуд.
Зимни нишаст гуфта шуд, ки дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон як муассисаи таълимӣ, 3 мактаби олӣ- Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, 6 коллеҷи соҳавӣ, 2 мактаб-интернати махусгардонидашудаи соҳаи мусиқӣ ва санъат фаъолият менамоянд.
Ба гуфти Зулфия Давлатзода, 3 мактаби олии касбиро 695 нафар ва 6 коллеҷи соҳавиро 635 нафар бо ихтисосҳои гуногун хатм карданд.
«Бо мақсади тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг ва санъат дар хориҷи мамлакат тибқи квотаҳои ҷудонамудаи Вазорати маориф ва илми Федератсии Россия барои таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ин кишвар тавассути Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Россия дар Тоҷикистон — «Россотрудничество» 48 нафар аз имтиҳонҳои қабул гузашта, айни ҳол дар муассисаҳои таълимии Россия таҳсил намуда истодаанд»,- иброз намуд мавсуф.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки Вазорати фарҳанг соли 2020 барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашнҳои дар пеш истода сафи ҷавонони лаёқатмандро бештар менамояд.
Соли 2019 дар миқёси ҷумҳурӣ зиёда аз 10 700 барномаи гуногун доир гардиданд, ки ҳадафи онҳо ғанӣ гардонидани фазои фарҳангии мамлакат, рушди устувори деҳот ва ҳунарҳои бадеии халқӣ, ҷалби сайёҳон ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ба ин восита тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги волои халқи тоҷик мебошад.








Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






