1 МАРТ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Риоя накардани гигиенаи шахсӣ яке аз сабабҳои беморшавӣ ва паст шудани масунияти бадани инсон мебошад

Март 1, 2020 10:36

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар зиндагии ҳаррӯза  тариқи ҳаво, об, хӯрок, дастони чиркин  ё риоя накардани гигиенаи шахсӣ  сабаби ворид шудани вирусҳо ба организм гардида, ба беморшавӣ ва паст шудани масунияти бадани инсон  оварда мерасонанд.

Барои нигоҳ доштани иммунитети бадан бояд ба истеъмоли ғизо аҳамияти махсус зоҳир намуд. Зеро ғизои солимро кафолати саломатӣ меҳисобанд. Тарзи ҳаёти солим барои муътадил нигоҳ доштани ҳолати осебпазирии бадан ва баланд бардоштани иммунитет хеле муфид аст. Барои ин зарур аст, ки мардум бештар ба варзиш машғул шаванд. Инчунин хоби саривақтӣ ва бароҳат, истеъмоли ғизои солим, назорати фишори хун, роҳ надодан ба бисёрвазнӣ ва даст кашидан аз сигоркашӣ ва истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ аз роҳҳои асосии баланд бардоштани иммунитети бадан ба ҳисоб мераванд.

Чунин  тавсияҳоро ба аҳолӣ мудири шуъбаи бемориҳои кӯдаконаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ҚАМАРИДДИНОВА дар Рӯзи умумиҷаҳонии иммунитет дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН изҳор дошт.

Номбурда иброз дошт, ки  ҳамасола дар ҷаҳон 1 март Рӯзи байналмилалии иммунитет ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз соли 2002 бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ пешниҳод шуда, аз ҷониби  аксар кишварҳои ҷаҳон  пазируфта шудааст.

Фарзона Қамариддинова, мудири шуъбаи Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологӣ

Мақсади асосӣ аз эълон гардидани Рӯзи байналмилалии иммунитет — ин  ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа баҳри баланд бардоштани  системаи иммунии инсон  ва бақувват нигоҳ доштани он  мебошад.

Аз ин хотир бояд ҳар як шаҳрванд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баҳри боқувват нигоҳ доштани иммунитети бадан кӯшиш намояд. Системаи иммунии инсон аллакай дар   батни модар оғоз мегардад.  Баъдан, ки тифл тавлид мешавад, системаи иммунии он тариқи шири модар ва ҳангоми эм гузаронидан қавӣ мегардад. Эмкунӣ яке аз омилҳое мебошад, ки масунияти баданро баланд бардошта, шахсро аз ҳар гуна бемориҳо эмин медорад.

Ба зикри номбурда, суст шудани қувваи муҳофизатии организм (иммунитет) метавонад  сабаби асосии зуд-зуд  гирифторшавӣ ба ҳар гуна бемориҳо, аз ҷумла зуком гардад.  Зуком бештар дар ҳавои намӣ — фаслҳои зимистону баҳор пайдо шуда, пеш аз ҳама, шахсонеро, ки иммунитети заиф доранд, гирифтори беморӣ мекунад.  Кӯдакону пиронсолон ба гурӯҳи осебпазир дохил мешаванд. Табибон истеъмоли меваҳои ситрусӣ (лиму, афлесун), занҷабил (зинг), ангат, каду, карам, сирпиёз ва  асалро барои нигоҳ доштани қувваи муҳофизатии организм хеле манфиатнок мешуморанд. Онҳо хусусияти шифобахшии асалро махсус таъкид намуда, зикр намудаанд, ки дар як рӯз истеъмоли ду қошуқи чойхӯрӣ асал кофӣ аст, ки инсон дар фасли сармо умуман мубталои бемориҳои сармохӯрдагӣ ва зуком нагардад. Аммо маҳлул намудани асал бо об ва ё чойи гарм тавсия дода намешавад.  Чун ин амал хусусияти шифобахшии асалро аз байн мебарад. Инчунин нӯшидани чойҳои гиёҳӣ низ барои тақвият додани иммунитет нақши муҳим мебозанд.

Аз рӯйи тадқиқоти табибон, нишонаҳое, ки баъди зимистон пайдо мешаванд, далели паст будани иммунитети бадан мебошанд.  Тавре маълум аст,  сари вақт истеъмол накардани  хӯрок, пурра нагирифтани хоб,  шароити бади экологӣ инсонро ба  ҳолати асабоният оварда, ба системаи иммунии  бадан зарар мерасонанд.

Тибқи тадқиқоти Ассотсиатсияи клиникии иммунологҳо, дар ҳамаи давлатҳо аз 8 то 15 фоизи сокинон   аз системаи иммунии заиф азоб мекашанд.  Бояд гуфт, ки   10 фоизи аҳолии рӯи замин иммунитети бақувват дошта, 10 фоизи дигар ба категорияи  тез-тез беморшаванда дохил мешаванд. Системаи иммунии онҳо аз рӯзи таваллуд суст мебошад. Системаи иммунии тақрибан 80 фоизи дигар  ба  тарзи ҳаёти солим  алоқаманд аст.

«Хоби бароҳат хеле манфиатнок мебошад.  Мувофиқи меъёр бояд ҳар нафар  аз 5 то 7 соат хоб кунад.  Инчунин инсон новобаста аз фасли сол бояд бо машқҳои пагоҳирӯзӣ организмро обу тоб диҳад. Бояд гуфт, ки иммунитет на ба ҳама барангезандаҳои бемориҳо қобилияти устуворӣ дорад. Бинобар ин одам ба бемориҳои зуком, зардпарвин, гулӯдард ва ғайра метавонад якчанд маротиба такроран гирифтор шавад», гуфт номбурда.

Март 1, 2020 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ҳамоиши фарҳангӣ доир карда шуд
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Дар шаҳри Омск Форуми 5-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Масъалаи ба такмили ихтисос фаро гирифтани табибони тоҷик дар Эрон баррасӣ гардид
Дар Душанбе масъалаи густариши ҳамкории судӣ байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Барои пешгирии заҳролудшавӣ аз дуди ангишт қоидаҳои муҳими истифодаи онро бояд риоя намуд
Доктор Ҳала бинти Мазид Ат-Тувайҷирӣ: «Дар «Стратегияи дурнамои рушди Арабистони Саудӣ то соли 2030» ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷойгоҳи хос дорад»
Тавсеи ҳамкорӣ байни мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳуқуқи инсони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Ҳокимияти судӣ дар Тоҷикистон такягоҳи адолат ва пояи устувори қонун аст
Пешвои миллат: «Фалсафаи ҷашни Меҳргон инсонҳоро ба адолатхоҳӣ, баробарӣ ва меҳрубонӣ ҳидоят мекунад»
Дар Душанбе Форуми ёздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун доир мешавад
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Давҳа бо роҳбари ширкати қатарии «Jusour» мулоқот намуд