5 нафар ҷавонон аз рӯи навори латӯкуби бераҳмона боздошт ва ба ҳабс гирифта шуданд

Март 18, 2020 08:30

ДУШАНБЕ, 18.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 17 март дар  сомонаҳои интернетӣ ва саҳифаи иҷтимоии Фейсбук навори латукӯби як гурӯҳ шаҳрвандон нашр гардид, ки дар он муноқишаи бераҳмонаи ҷавонон бо як марди ҷавони дигар инъикос гардидааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур ҷиҳати муайян намудани нафарони гумонбар ва омилу сабабҳои ин амали ҷиноятӣ бо супориши роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шуд. Ҳамзамон барои боздошту дастгир намудани нафарони дар навор инъикосгардида аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуданд.

Дар натиҷа, бо гузашти ҳамагӣ 20 дақиқа баъди содир гардидани ҳодисаи мазкур кормандони милитсияи пойтахт содиркунандагони ин амали ғайриқонунӣ ва дар як вақт кирдори ғайриинсониро  муайяну дастгир намуданд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки амали ҷиноиро шаҳрвандон:

Зиёев Беҳрӯз Тағоевич, соли таваллудаш 01.01.1994. истиқоматкунандаи ш. Ваҳдат, кӯчаи Хуросон, хонаи 1, ҳуҷраи 34 оиладор, соҳиби 1 фарзанд;

Яхшиев Эмомалӣ Бароталиевич, соли таваллудаш 01.04.1994, истиқоматкунандаи ш. Кӯлоб, кӯчаи Хатироҳ, хонаи 113, оиладор, соҳиби 1 фарзанд;

Баротов Ёрмуҳаммад Тағоевич, соли таваллудаш 01.03.1998, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Қосимова, хонаи 7/4, ҳуҷраи 36;

Асроров Абдусалом Аҳрорович, соли таваллудаш 27.07.1996. истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Маяковский, хонаи 21, ҳуҷраи 13;

Мулкамонов Ҳукуматшоҳ Рамазонович, соли таваллудаш 20.05.1999. истиқоматкунандаи ш. Бохтар, кӯчаи Ваҳдат, бинои 35, ҳуҷраи 17 содир намудаанд.

Зимни таҳқиқи ҳодиса муайян карда шуд, ки 17 марти соли равон  дар ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар натиҷаи як муноқишаи лафзӣ 5 нафар дастгиршудагон дар ҳайати гурӯҳӣ шаҳрванд Ҷумазода Кароматуллои Асатулло, соли таваллудаш 07.06.1990, истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, ҷ/д Мирзо Ризо, деҳаи Шӯроб, оиладор, соҳиби 3 фарзандро ба воситаи калиди чархи мошин ва мушту лагад якчанд маротиба ва бераҳмона ба сару рӯяш зарба зада, баъди беҳуш гардидани ҷабрдида, телефони мобилии охиронро ғорат намуда, аз ҷои ҳодиса фирор намудаанд. Дар натиҷаи ин амали ноҷавонмардонаи дастгиршудагон ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ карда шудааст.

Айни ҳол нисбат ба дастгиршудагон дар асоси моддаҳои 237, қисми 3 (авбошӣ дар ҳайати гурӯҳӣ) ва 248 (ғоратгарӣ)-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Март 18, 2020 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд