65 нафар шаҳрвандони Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 05.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Айни замон 65 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе таҳти назорати карантинӣ қарор доранд. Дар назар аст, ки қисме аз онҳо 5 март пас аз ба охир расидани муҳлати карантинӣ ҷавоб дода шаванд. Дар ин бора сармутахассиси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои сироятӣ, доктори илмҳои тиб, профессор Эркин Раҳмонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳолати ҳамаи нафарони дар карантин қарордошта хуб буда, дар онҳо то ҳол ягон нишонаи беморӣ дида нашудааст.
«Дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе зиёда аз 390 кат барои бистарӣ намудани бемориҳои сироятӣ мавҷуд буда, шароит барои табобати бемориҳои вирусӣ муҳайё карда шудааст»,- афзуд Эркин Раҳмонов.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми тасдиқ шудани COVID-19 дар ягон нафар бемор ба ҳуҷраи махсус интиқол дода мешавад.
«Ин ҳуҷра бокс ном дошта, дар он тамоми қоидаҳои санитариву эпидемиологӣ барои бемории ниҳоят хавфноки вирусӣ омода карда шудааст. Ҳуҷраи мазкур вирусро аз паҳншавӣ нигоҳ медорад ва дар он ҳуҷра ҳавополои махсуси «филтрӣ» мавҷуд аст, ки вирусҳоро дар худ нигоҳ дошта, паҳн шудан намегузорад», — илова намуд ҳамсуҳбати мо.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 31 январ беш аз 240 нафар шахсони аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон омада дар Беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе ба муддати 14 руз ба карантин фаро гирифта шуда, ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






