«Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан»-таҳти чунин ном дар Душанбе барномаи фарҳангӣ гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 04.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Модар имрӯз бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷамолу зиннати дунёӣ, эй зан» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар он занони баруманди мамлакат, собиқадорони ҷангу меҳнат, кормандони ҷавони вазорату идораҳо, занони муваффақ аз соҳаҳои мухталифи мамлакат, бонувони варзишгар, шоирону нависандагон, ҷавондухтарони фаъол ва ҳунармандон иштирок намуданд.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода зикр кард, ки воқеан зан- модар тарбиятгари насли дирӯзу имрӯз ва фардои мамлакат мебошад. Маҳз бо ҷасорат, шуҷоату шафқати модарони тоҷик фарзандони бонангу ори миллат дар рӯҳияи ватанпарастӣ тарбия ёфта, баҳри ҳимояи манфиатҳои миллию давлатӣ талош менамоянд.
«Дар доираи Рӯзи Модар ба ҳам овардани занони баруманди мамлакат ва собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҳисоби занон барои ҷавондухтарон дарси намунаи олии таҷрибаи рӯзгор мебошад. Зеро онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона фаъолият намуда, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд. Инчунин нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад»,- гуфт А.Раҳмонзода.
Сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Фаттоҳзода бонувону модарони тоҷикро табрик гуфта, зикр намуд, ки зан — модар қиматтарин ва азизтарин шахс дар ҳаёти инсон мебошад. Модар оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллат ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занро дар ҷомеа баланд бардошта дар ҳама ҳолатҳо пуштибонӣ аз зан- модар менамоянд.
“Сарвари давлат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид дошта буданд, ки зани тоҷик зани боиффат, фарҳангсолор, чароғи хонадон, равшангари рӯзгор, тарбиятгар ва зебодиҳандаи ҷомеа мебошад”, — гуфт Гулҷаҳон Фаттоҳзода.
Дар ҳақиқат Модар сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад. Ин аст, ки ҳар як фард модарро мисли ҷони худ ва ҳамчун зиннату сафои зиндагӣ дӯст дошта, азиз мешуморад.
Ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи мамлакат бо суруду таронаҳои ҷолиби худ дар васфи Модар, Ватан ва ишқу муҳаббат хотири иштирокчиёнро болида гардониданд.








Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад
«Харитаи хатсайри Шӯриши Восеъ» таҳия мегардад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РАССОМОН. Ин ҳунар дар Тоҷикистон беш аз ҳазор сол пеш ба вуҷуд омадааст
«ҲИФЗИ МЕРОС». Бо мақсади муаррифии сазовори таъриху фарҳанги миллати тоҷик маҷаллаи илмӣ ба нашр расид
РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ЧИН ДАР ТОҶИКИСТОН. Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат барномаи фарҳангӣ доир шуд
«МАВЛОНО ВА ТАМАДДУНИ ИНСОНӢ». Ин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ сазовори ҷойи якум гардид
Байни АМИТ «Ховар» ва Агентии иттилоотии «S.P.A»-и Арабистони Саудӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоот ба имзо расид
Дар Эрон Фестивали байналмилалии «Фаҷр» баргузор гардид
Сокинони шаҳри Бӯстон соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ мегарданд
Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд






