Бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиши аксҳо доир мегардад
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 4 март бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии зан-модар дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор мешавад. Дар намоиш асарҳои офаридаи мусаввирон ва ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳифз ва нигаҳдорӣ мегарданд, ба маърази тамошо гузошта мешаванд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев иброз намуд, «дар асарҳои эҷодшуда симои зан – модар, ки аз тарафи рассомон дар солҳои гуногуни қарни ХХ офарида шудаанд, ифода ёфта, ҳар як мусаввара нақши зани тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд».
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ба хотири арҷ гузоштан ба азамату зебоии зан-модар дар ҳамаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо ва қисмҳои низомӣ Рӯзи Модар бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Беларус 8 март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил мегардад. Дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Украина он чун Рӯзи байналхалқии занон ҷашн гирифта мешавад. Аммо дар Арманистон 7 апрел ҳамчун Рӯзи Модар ва зебоӣ таҷлил мегардад.








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон наворбардории филми мустанади «Хутали қадим» оғоз гардид
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд






