Дар Душанбе масъалаи татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо доир ба суръат бахшидани корҳо ҷиҳати татбиқи Равзанаи ягонаи амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ» баргузор гардид.
Ҷаласаи мазкур таҳти роҳбарии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдруҳмон Абдураҳмонзода баргузор шуда, дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, ширкатҳои байналмилалии машваратию барномасозии лоиҳа ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои ҷараёни амалишавии Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Харитаи роҳи Кумитаи роҳбарикунандаи лоиҳаи минтақавии «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба такмили фаъолияти мақомоти наздисарҳадӣ», инчунин мушкилоти ҷойдошта дар раванди татбиқи он баррасӣ гардид.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, ҳолати азхудкунии маблағҳои лоиҳа, таъмин намудани вазорату идораҳои ба низом шомилшаванда бо таҷҳизоти компютерию барномавӣ ва дигар масъалаҳо баррасӣ шуда, барои дар муҳлати муқарраршуда таъмин намудани корҳо ба масъулин ва ширкатҳои пудратчии лоиҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар интиҳо қарорҳои дахлдор қабул ва барои дастури минбаъда ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд.








«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд






