Дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира гардидаанд
ДУШАНБЕ, 06.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 5 март бо ташаббуси Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини Раёсати тандурустӣ ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят нишасти хабарӣ-брифинг доир гардид. Нишасти мазкур дар робита ба ҳар гуна овозаҳо дар мавриди он ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар вилояти Суғд чанд нафар бемори аз коронавирус сироятёфта ба қайд гирифта шудаанд ва дар ин замина ҳангомаҳо оид ба норасоии маводи мавриди ниёзи аввал ва баланд шудани нархи маҳсулот дар бозорҳои вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, барпо шуд.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад Шарифзода, зимни брифинг аз ҷониби масъулини сохторҳои марбута ба намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи воқеии вилоят маълумоти муфассал дода шуд. Зикр гардид, ки мардуми вилоят, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд набояд ба ҳар гуна овозаву ҳангомаҳои беасос дода шаванд. Зеро имрӯз аз ҷониби давлату Ҳукумат ба хотири пешгирӣ намудани ин беморӣ ва таъмини солимии сокинони мамлакат тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. То имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, вилояти Суғд низ ягон нишонаи ин беморӣ ва ҳолати сироятёбии сокинон аз он, ба қайд гирифта нашудааст.
Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд Умед Нуруллозода зикр намуд, ки ҳамаи он шаҳрвандоне, ки аз хориҷи мамлакат тавассути гузаргоҳҳо вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешаванд, сараввал аз назорати духтурони сироятшинос гузашта, сипас муддати 14 шабонарӯз таҳти назорати доимии духтурон қарор мегиранд.
Имрӯз дар миқёси вилоят 111 нафар дар карантин қарор дошта, 252 нафар шаҳрвандоне, ки аз хориҷа вориди вилоят гардида буданд, пас аз ба охир расидани муҳлати карантин ба макони зисти худ баргаштанд.
Муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруфҷон Ҳоҷибоев баён дошт, ки имрӯз дар қаламрави вилоят қоидаҳои бехатарӣ ва пешгирӣ аз ин беморӣ пурзӯр карда шудаанд. Шаҳрвандонро танҳо зарур аст, ки ба қоидаҳои санитарӣ риоя намуда, аз чораҳои пешгирикунандаи ин вирус набояд дар ҳарос бошанд ва ба таҳлука низ наафтанд. Ҳоло дар тамоми гузаргоҳҳо, аз ҷумла дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва истгоҳи роҳи оҳан аз ҳисоби духтурон навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардида, ҳар нафари вориди вилоят мешуда сараввал аз назорати духтурон мегузарад.
Ҳамзамон 5 март раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал шахсан аз бозорҳои «Гулистон» ва «Панҷшанбе»-и маркази вилоят боздид намуда, бо мардум мулоқоти рӯ ба рӯ анҷом дод. Мавсуф гуфт, ки «пайдо шудани овозаҳои беасос сабаби ташвиши бархе афроди зудбовар гардида, ин ҳолатро иддае аз ҳаннотон ба манфиати худ истифода бурда истодаанд. Аз ин лиҳоз, ин овозаҳо ягон асоси воқеӣ надошта, имрӯз дар вилояти Суғд барои қонеъ намудани талаботи солонаи сокинон ба таври зарурӣ орду гандум ва дигар маҳсулоти зарурӣ захира гардидаанд. Илова бар ин ҳамарӯза садҳо тонна гандум аз хориҷи мамлакат ворид гардида, онҳо дар 30 корхонаи ордбарорӣ коркард мешаванд».
Ба намояндагони сохторҳои дахлдор, роҳбарияти бозор ва соҳибкорон дастур дода шуд, ки барои пешгирии беасоси болоравии нархҳои маҳсулоти мавриди ниёзи аввал чораҷӯӣ карда, барои муътадил нигоҳ доштани вазъи бозор тадбирҳои зарурӣ андешанд. Инчунин ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ба манфиати кор дониста шуд.











Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






