Дастаи «Кӯктош» бори аввал соҳиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон гардид

Март 2, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 02.03.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Дирӯз   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе  бозии байни дастаҳои  футболи  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб ва  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ барои  дарёфти  Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон    дар сатҳи баланд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 бар нафъи  дастаи   футболи  «Кӯктош»-и  Рӯдакӣ  хотима ёфт. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, баъди ин пирӯзӣ  дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  авваин бор барандаи Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон  гардид. Голҳои  Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба дастаи  «Кӯктош» пирӯзӣ оварданд. Ба дастаи  «Кӯктош» ба ҷуз аз Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон  медалҳои тилло ва ба дастаи «Равшан» медалҳои нуқра супурда шуданд. Ин аввалин пирӯзии дастаи «Кӯктош» дар Ҷоми ФФТ мебошад. Зимнан, соли гузашта дастаи  «Кӯктош» дар бозии ниҳоии ин мусобиқа аз дастаи футболи  «Истиқлол»-и  Душанбе бо ҳисоби 2:5 мағлуб шуда буд.

Пеш аз финал   1  март дар Варзишгоҳи марказии  шаҳри Душанбе бозӣ барои ҷойи сеюм миёни дастаҳои футболи  «Душанбе-83»-и Душанбе ва КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир гардид. Бозӣ ба нафъи  дастаи «Душанбе-83» бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт. Ҳамин тариқ, дастаи  «Душанбе-83» бо медалҳои биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 сарфароз гардид.

Ёдовар  мешавем, ки   Ҷоми  Федератсияи футболи Тоҷикистон  аз соли 2012 бори нуҳум сурат гирифт. Ҳамагӣ чаҳор даста ин Ҷомро ба даст овардаанд. «Истиқлол»-и Душанбе панҷ бор, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ду бор, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣ якборӣ барандаи Ҷоми ФФТ гардидаанд.

Ҷоми ФФТ-2020

Бозӣ барои ҷойи сеюм

«Душанбе-83» – КМВА «Помир» – 3:2

Голҳо: Комрони Мирзохон, 43 (0:1). Фарҳод Қосимов, 52 (1:1). Артём Гайдаш, 55 (1:2). Фарҳод Қосимов, 72 (2:2). Парфант Явис, 75 (3:2).

Огоҳонида шуданд: Дану Эдмон, Парфант Явис, Иззатулло Рӯзиев, Комрони Мирзохон («Душанбе-83»), Фирӯз Бобиев, Алиҷон Кароматуллозода, Комрони Мирзохон (КМВА).

Беҳтарин бозигари дидор: Фарҳод Қосимов («Душанбе-83»).

Сардовар: Абдулло Давлатов (Шаҳринав).

Нозири бозӣ: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 1000 тамошобин.

Финал

«Равшан» – «Кӯктош» – 1:2

Голҳо: Муҳсин Абдуғаффоров, 32 – аз пеналтӣ (0:1). Далер Шомуродов, 45+3 – аз пеналтӣ (1:1). Муҳиддин Одилов, 67 (1:2).

Огоҳонида шуданд: Музаффар Назаров, Довуд Розиқов, Саидхони Амрохон, Некрӯз Гадоев, Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Мунир Давлатбеков, Собирҷон Холматов («Кӯктош»).

Беҳтарин бозигари дидор: Муҳиддин Одилов («Кӯктош»).

Сардовар: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).

Нозири бозӣ: Рустам Абдуллоев (Душанбе).

1 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 5200 тамошобин.

Натиҷаҳои ҳамаи бозиҳои ниҳоии Ҷоми ФФТ (2012-2020):

2012 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хайр» (Ваҳдат) – 1:0

2013 – «Хайр» (Ваҳдат) – КМВА «Помир» (Душанбе) – 1:1. Аз рӯи пеналтӣ – 6:5

2014 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 2:0

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Хайр» (Ваҳдат) – 5:1

2016 – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Хуҷанд» (Хуҷанд) – 1:0

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 3:1

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 5:2

2020 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – 1:2

Март 2, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд