ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗ ВА ШАРАФ АСТ. Имрӯз дар ҳузури Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ ҷаласаи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 31.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар «Кохи афсарон»-и шаҳри Душанбе дар арафаи оғози даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ таҳти сарварии Раиси Комиссия, Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода доир гардид.
Дар ҷаласа сардори ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ — муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпрокурори ҳарбӣ, сардорони раёсатҳо, хадамотҳои дахлдори Вазорати мудофиа ва ситоди генералӣ, масъулини вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат ширкат варзиданд.
Иштирокчиёни ҷаласа сараввал маъракаи даъвати солҳои пешинро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, вобаста ба рафъи мушкилоту монеаҳои ҷойдошта дар фаъолияти баъзе аз мақомоти масъули шаҳру ноҳияҳои мамлакат изҳори андеша намуданд.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Ширин Исматуллозода зикр намуд, ки мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз Ширин Исматуллозода зарурияти иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати дар сатҳу сифати баланд ба роҳ мондани даъвати навбатии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ҷалби фарзандони шахсони мансабдор ба сафи Артиши миллӣ, сари вақт расонидани даъватнома, аз муоинаи тиббӣ гузаронидани даъватшавандагон, ҳамоҳангии фаъолияти вазорату идораҳои дахдор ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳоти ҷумҳуриро таъкид намуд.
Зикр гардид, ки шумораи ҷавонони синну соли даъватӣ барои пайвастан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ хеле зиёд гардидааст ва ин имкон медиҳад, ки аз байни ҷавонони ҳама табақаҳои аҳолӣ беҳтаринҳо ба сафҳои Қувваҳои мусаллаҳ шомил шаванд.
Ёдовар мешавем, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус 4 марти соли 2020 ба имзо расида, тибқи он хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, моҳҳои апрел-майи соли 2020 аз сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат карда мешаванд.
Инчунин, дар ин давра шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бригадаи посбоникунандаи сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баталиони кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда мешаванд.








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






