«Истаравшан», «Кӯктош» ва «Душанбе-83» ба нимфинали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон роҳхат гирифтанд
ДУШАНБЕ, 16.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон хеле ҷолиб идома дорад. Баъди натиҷагирии бозиҳо дар ҳарсе гурӯҳ дастаҳои футболи «Кӯктош»-и Рӯдакӣ, «Душанбе-83» ва ССКА-и Душанбе ба даври нимниҳоӣ роҳ пайдо карданд. Мавзӯи мазкурро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.
Дастаи футболи «Кӯктош», ки дар гурӯҳи «А» дар ҳарcе бозӣ ба дастаҳои «Душанбе-83» бо ҳисоби 1:0, «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 ва «Хатлон»-и Бохтар бо ҳисоби 5:2 пирӯз шуд, бо 9 имтиёз мақоми аввалро касб намуд. Дастаи футболи «Душанбе-83», ки ба дастаҳои «Хатлон» ва «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби якхелаи 1:0 ғолиб омад, мақоми дуюмро аз они худ кард.
Дар гурӯҳи «Б» дастаи футболи «Истаравшан», ки «Файзканд»-ро бо ҳисоби 2:0 ва ҳайати ҷавонони «Истиқлол»-и Душанберо бо ҳисоби калони 10:0 мағлуб намуд, бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал қарор гирифт.
Дар гурӯҳи «В» дастаи футболи ССКА, ки дар ҳарду бозӣ бар ҳайати эҳтиётии «Хуҷанд» бо ҳисоби 6:0 ва «Локомотив-Помир» бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад, бо 6 имтиёз ҷойи аввалро ишғол кард.
Ба ин тартиб, тибқи дастури Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон аз гурӯҳи «А» ду даста – «Кӯктош» ва Душанбе-83, аз гурӯҳҳои «Б» ва «В» якдастаӣ – «Истаравшан» ва ССКА — ба нимфинал роҳ пайдо карданд.
Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2020
Гурӯҳи «А»
Даври 1-ум
«Душанбе-83» – «Кӯктош» – 0:1
«Хатлон» – «Регар-ТадАЗ» – 2:1
Даври 2-юм
«Кӯктош» – «Регар-ТадАЗ» – 3:2
«Душанбе-83» – «Хатлон» – 1:0
Даври 3-юм
«Регар-ТадАЗ» – «Душанбе-83» – 0:1
«Хатлон» – «Кӯктош» – 2:5
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Кӯктош» | 3 | 3 | 0 | 0 | 9-4 | 9 |
| 2 | Душанбе-83» | 3 | 2 | 0 | 1 | 2-1 | 6 |
| 3 | «Хатлон»« | 3 | 1 | 0 | 2 | 4-7 | 3 |
| 4 | «Регар-ТадАЗ» | 3 | 0 | 0 | 3 | 3-6 | 0 |
Гурӯҳи«Б»
Даври 1-ум
«Истиқлол» – «Истаравшан» – 0:10
Даври 2-юм
«Файзканд» – «Истиқлол» – 9:3
Даври 3-юм
«Истаравшан» – «Файзканд» – 2:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | «Истаравшан» | 2 | 2 | 0 | 0 | 12-0 | 6 |
| 2 | «Файзканд» | 2 | 1 | 0 | 1 | 9-5 | 3 |
| 3 | «Истиқлол» | 2 | 0 | 0 | 2 | 3-19 | 0 |
Гурӯҳи «В»
Даври 1-ум
«Хуҷанд» – ССКА – 0:6
Даври 2-юм
«Локомотив-Помир» – «Хуҷанд» – 1:0
Даври 3-юм
ССКА – «Локомотив-Помир» – 1:0
| Ҷ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
| 1 | ССКА | 2 | 2 | 0 | 0 | 7-0 | 6 |
| 2 | «Локомотив-Помир» | 2 | 1 | 0 | 1 | 1-1 | 3 |
| 3 | «Хуҷанд» | 2 | 0 | 0 | 2 | 0-7 | 0 |








МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад






