Маркази барномаҳои байналмилалӣ: Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Академияи дипломатии ВКХ Озарбойҷон оғоз гардид

Март 5, 2020 09:54

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои иштирок дар озмуни бурсияҳои таҳсилии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли таҳсили 2020-2021 аз рӯи зинаҳои бакалавр ва магистратура оғоз гардидааст.

Таҳсил (ба истиснои идрорпулӣ), ҷойи зист ва суғуртаи тиббӣ барои донишҷӯён ройгон сурат мегирад.
Ҳуҷҷатҳои лозима:
1) Маълумотнома (дар Марказ пешниҳод мегардад);
2) Ҳуҷҷати давлатии хатми муассисаи таълимӣ;
3) СV ;
4) Сертификати забони англисӣ барои бакалавр ILTS /TOEFL ва ё дигар сертификатҳое, ки холҳо дарҷ гардидаанд, барои магистрон ILTS/TOEFL -ҳатмӣ.
Барои номнавис шудан, хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» (ш. Душанбе, кӯчаи М. Турсунзода 47) муроҷиат намоянд.
Телефонҳо барои тамос: 223-23-59

 

Март 5, 2020 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд