Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Қатар

Март 1, 2020 10:50

ДУШАНБЕ, 01.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 29 феврал дар Давҳа дар доираи сафари корӣ ба Давлати Қатар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот анҷом дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо аҳамияти идомаи минбаъдаи тамосҳо ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлатро дар амалисозии тавофуқҳои байни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳосилшуда таъкид карданд.

Ҳамчунин дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Март 1, 2020 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд