Намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон дар хориҷа ба шаҳрвандони мамлакат дар ҳалли мушкилоти пешомада кумаки зарурӣ мерасонанд

Март 22, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 22.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки бинобар муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20 марти соли 2020 бо мақсади  пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) дар мамлакат, Вазорат, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидат мекунанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати  корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо дарназардошти вазъи бавуҷудомада, аз ҳамватанон хоҳиш менамояд, ки бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамватанони дар хориҷи мамлакат қарордошта метавонанд дар ҳолати зарурат ба намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ муроҷиат намоянд. Маълумот дар бораи намояндагиҳои мо дар хориҷаро аз пайванди зерин метавон дарёфт кард.

 

Март 22, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд