Наврӯз-сарҷамъкунандаи миллатҳо. Дар базми идонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд меҳмонон аз Федератсияи Россия иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Иди Наврӯзи байналмилалиро дар фазои идона бо савту навои дилнавоз ва намоиши анъанаҳои наврӯзӣ истиқбол намуданд. Дар базми наврӯзӣ дар баробари роҳбарияти донишгоҳ, устодону донишҷӯён ҳамзамон меҳмонон аз Донишкадаи нақлиёт, хизматрасонӣ ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии муҳандисӣ ва иқтисодии Нижегород ва Донишкадаи иқтисодии Донишгоҳи Княгининои Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд, зимни маҳфили фарҳангӣ ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷӯразода баён дошт, ки “Наврӯз ҳамчун рамзи некӣ, рӯшноӣ, сарҷамъиву ваҳдати мардум, ҷашни нуру сурур барои афзудани гармии меҳру ихлоси мардуми Тоҷикистони азиз, равнақи созандагиву бунёдкорӣ, хуррамиву шукуфоии сарзамини аҷдодии мо нақши муассир гузошта, ҳамасола бо ҳузури хеш дар тақвими мо ба зиндагонии мардум хуррамиҳо ворид менамояд. Дар ин радиф ҳар яки мо бо баробари шукргузорӣ аз пойдории сулҳу ваҳдат ва соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба хотири сарҷамъии миллат, тақвияти иқтидори давлат ва ободии фардои мамлакат саҳмгузор бояд бошем”.
Зимни маҳфили идона аз ҷониби иштирокчиён дастовардҳои илмиву эҷодии устодону донишҷӯён ва ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ дар донишгоҳ аз Наврӯзи соли 2019 то Наврӯзи имсола, композитсияи адабӣ, хониши сурудҳои наврӯзӣ бо бунёди сафедор бо гули лола, ки анъанаи қадимӣ мебошад, эҳё гашта, дар намуди намоиши саҳнавӣ, равзаҳои махсус оид ба таърихи Наврӯз, таому бозиҳои миллӣ ва дастранҷи ҳунарҳои мардумӣ манзури ҳозирин гардонида шуданд.
Намоиши театрӣ ва барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ маҳфилро ғанитар гардониданд.








Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд






