Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода: «Истифодаи самараноки заминҳои корамро бо мақсади рӯёндани 2-3 ҳосил ҷорӣ намоем»

Март 18, 2020 12:02

ДУШАНБЕ, 18.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни Наврӯз пеш аз ҳама мавсимӣ буда, аз омадани фасли баҳор ва фаро расидани мавсими кишту кор дарак медиҳад. Дар ин айём деҳқонон  ба хотири фаровонӣ ба замин донаи умед мепошанду  ниҳол месабзонанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин мавзӯъ бо  ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷамол Саидзода ҳамсуҳбат гардид. Номбурда ҳамчун мутахассиси соҳа ба кишоварзон, аз ҷумла чунин тавсияҳоро пешниҳод намуд:

-Наврӯз қабл аз ҳама ҷашни кишоварзон аст.  Бо омадани Наврӯз деҳконони  ҷумҳурӣ сертараддуд мешаванд, кӯшиш менамоянд, ки аз ҳар рӯзи баҳор самаранок истифода баранд, то  мардум бо беҳтарин маҳсулоти кишоварзӣ таъмин  бошад. Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки «Як рӯзи баҳор пур кунад анбор». Дар ин айём дар Тоҷикистон  қариб ҳамаи намуди донагиҳо кишт карда мешаванд. Вақте ки ҳарорати ҳаво гармтар шуд,  кишти зироати баҳорӣ, аз ҷумла кишти пунбадона оғоз мегардад.

Дар вилояти Хатлон ва минтақаи Бохтар аллакай кишту кори пахта оғоз гардидаанд. Дар дигар минтақаҳои мамлакат барои оғози кишти пунбадона омодагӣ доранд. Агар кишти зироат чӣ қадар барвақт оғоз шавад, ҷамъоварии он низ барвақттар анҷом меёбад.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва  таъмини талаботи аҳолӣ бо маводи ғизоӣ аз истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои корам  вобаста мебошад. Инчунин шароити обу ҳаво ва иқлими минтақаҳои ҷумҳурӣ гуногун аст. Ин моро водор месозад, ки интихоби зироатро дуруст ба роҳ монда, дар истеҳсолот технологияи муосири истифодаи самараноки заминҳои корамро бо мақсади рӯёндани 2-3 ҳосил ҷорӣ намоем. Рӯёндани ҳосили баланди зироати кишоварзӣ дар кишти такрорӣ (вобаста ба намуди зироат) аз муҳлати кишт, истифодаи навъҳои тезпаз ва риояи агротехникаи парвариш вобастагии калон дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфта буданд, ки «фаровонии бозори истеъмолии мамлакат, пеш аз ҳама, бо роҳи таъмин намудани тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ тавассути истифодаи технологияҳои ҳозиразамон, таҳкими  фаъолияти корхонаҳои коркарди маҳсулот, баланд бардоштани самаранокии захираҳои обу замин, инкишофи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ бояд амалӣ гардонида шавад. Барои ҳар чӣ бештар бо маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман бо маводи ғизоии истеҳсоли ватанӣ таъмин намудани аҳолии мамлакат андешидани тадбирҳои мушаххас зарур аст».

Дар шароити имрӯза зарур аст, ки аз як замин ду ва се ҳосил рӯёнем,  зеро такрористеҳсолкунӣ моро ба самти худкифоягии ғизо мебарад. Дар навбати худ таъмини аҳолӣ бо ғизои табиӣ яке аз стратегияҳои асосии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Коршиносон самти равнақи соҳаи кишоварзиро ба се омил рабт медиҳанд, ки инҳо- интихоби дурусти донагӣ, рушди пойгоҳи техникӣ ва додани доруҳои минералию обмонӣ мебошад.

Тибқи маълумоти расмии шаҳру ноҳияҳои мамлакат,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019  66 фоизи майдони умумии пахтаро навъҳои ватанӣ ташкил доданд. Аз ин рӯ кишоварзон бояд аз навъҳои ватанӣ бештар истифода бурда, ҳосили хуб ҷамъоварӣ намоянд. Хусусияти морфобиологии навъҳои ватанӣ хуб буда, ба ҳар гуна касалиҳо тобовар мебошанд ва ҳосили хуб ба бор меоранд.

Олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз навъҳои ватанӣ, аз қабили «Дӯстӣ», «Сорбон», «Хуҷанд-67», «Нодир», «Тоҷикистон», «Хатлон-2014», «Яҳё 110», «Ҳисор», «Меҳргон», «Ирам 1М-Н» ва ғайра, инчунин навъҳои маҳиннахи 93 26 В, 75о В, 748 В ва «Авесто»-ро пешниҳод намуданд.

Омили дигари равнақи соҳаи кишоварзӣ рушди пойгоҳи техникӣ ва инфрасохтори кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз таъмини хоҷагиҳо бо тракторҳои шудгоркунанда, комбайнҳои ғалладараву алафғундор, испорҳои тракторӣ, нармкунакҳо, тухмипошакҳо ва амсоли инҳо дар мадди аввал қарор дорад. Дар ҳолати кам будани таҷҳизот аз замин ҳосили дилхоҳ гирифта намешавад ва қувваи кории зиёд бесамар истифода мегардад. Дар шароити ҳозираи пешрафти соҳаи кишоварзии ҷаҳон барои хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ зарурати истифодаи технологияҳои нав ва аз  мошину таҷҳизоти кӯҳна даст кашидан пеш омадааст. Зеро вазъи кунунии техникаю мошинолоти кишоварзӣ имкон намедиҳад, ки маҳсулоти рақобатпазир ва барои такрористеҳсолӣ мувофиқ  тавлид ёбад.

Инчунин омили дигари ҳосили хуб ба даст овардан- ин сари вақт додани доруҳои миниралӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зарарасон ва обмонӣ мебошад.

Дар мамлакати мо ҳашароти зараррасон, аз қабили шира, сафедболак ба кишти зироат зарар мерасонанд. Дар ин ҳолат  мо бояд ба роҳҳои биологӣ гузашта, ҳашароти фоидаоварро сар диҳем, ба монанди трихограмма, дамбракон, тиллочашма, ки онҳо ҳашароти зараррасонро тухм кардан намемонанд. Инчунин истифодаи доруҳои минералӣ аз манфиат холӣ нест. Дар ин ҳолат ме метавонем ҳосили фаровон ҷамъоварӣ намоем.

Дар ҳолати иҷро гардидани талаботи зарурӣ аз ҷониби кишоварзон  расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ, ки  яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат эълон гардидааст, имконпазир мегардад.

Аз ин рӯ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва деҳқонони мамлакат барои таъмини мардум бо маҳсулоти хушсифат  ва таъмини бозори ватанӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили фаровон пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Фирӯзаи ДАВЛАТ,
АМИТ «Ховар»

Март 18, 2020 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар панели сатҳи баланд марбут ба маблағгузории «сабз» дар Тифлис сухан гуфт
Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
Мақомоти гумрук маҳсулоти тамокуи навъи «Milano» ва «ESSE»-ро дарёфт ва мусодира намуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва муқобилияти дастҷамъона бо он баррасӣ шуд
Дар Душанбе баргузории намоишгоҳҳои рассомон дар Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз ёфт
«ТОҶИКИСТОН-2024». Имрӯз дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ оғоз меёбад
ИЛОҶИ ВОҚЕА ҚАБЛ АЗ ВУҚУЪ. Дар беш аз 30 ҳазор гектар замини вилояти Хатлон хуруҷи малах сабт шудааст
«ТОҶИКИСТОН-2024». Пагоҳ дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон нақшаи кишти пахта 90 фоиз иҷро гардид