ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок дар назар аст
ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрнок мешавад. Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва шоҳроҳҳои Душанбе–Хуҷанд, Нуробод-Тавилдара фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 15-20 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, рӯзона бебориш мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, шабона ва саҳар дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф ба амал меояд. Рӯзона ҳаво бебориш шуда, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, рӯзона бебориш мешавад. Туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+9 дараҷа гарм мешавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






