Профессор Саидбек Сатторов: «Ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашударо ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд»

Март 27, 2020 13:31

ДУШАНБЕ, 27.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои  пешгирӣ аз сирояти коронавирус истифодаи  ниқобҳои бисёрқабатаи аз дока омодакардашуда манфиатовар мебошад. Ин гуна ниқобҳоро ҳар як нафар метавонад дар хона худаш омода намояд. Докаро бисёрқабата карда, дар байни он пахта бояд гузошт. Зеро пахта  вазифаи микробполоиро (филтр) иҷро намуда, қобилияти муҳофизат аз вирусро  зиёд менамояд.  Дар ҳолати аз қабатҳои дока гузаштани микроб он ба пахта мечаспад ва пахта микробро дар худ нигоҳ дошта, намегузорад, ки ба роҳи нафас ворид шавад. Ҳангоми истифода аз ин гуна ниқобҳо мо метавонем худро аз таъсири  вирусҳо беҳтар нигоҳ дорем. Ҳоло корхонаҳои саноатии мамлакат чунин ниқобҳоро, ки аз чанд қабат дока иборатанд, истеҳсол менамоянд, ки дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд.

Ин тавсияҳоро ба аҳолӣ  мудири кафедраи микробиология, иммунология ва вирусологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Саидбек Сатторов зимни суҳбат  бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Профессор Саидбек Сатторов ба он назар аст, ба харидории  ниқобҳои яккарата зарурати зиёд нест. Зеро истифодаи он 2-3 соат буда, пас аз ин ниқоб қобилияти муҳофизатии худро гум мекунад. Ниқобҳои тиббие, ки имрӯзҳо дар дорухонаҳо ба фурӯш бароварда шудаанд, таъсири ками  муҳофизатӣ доранд. Зеро онҳо тунук ва дорои сӯрохиҳои калон мебошанд. Инчунин андозаи коронавирус нисбат ба андозаи сӯрохиҳои ниқобҳои тиббӣ чандин маротиба хурд мебошад ва он  метавонад бемамониат аз он гузарад.

«Барои пешгирӣ аз коронавирус мутахассисон тавсия медиҳанд, ки  ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез- тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯяд.  Бояд ба  пардаҳои луобӣ, хусусан бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонид. Истеъмоли меваҷоту сабзавоти аз витаминҳо бой  бисёр муҳим мебошад. Инчунин истифода  аз ниқобҳои тиббӣ манфиатовар дониста мешавад»,- афзуд профессор.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар ин маврид зикр намудааст, ки  ниқобҳои тиббӣ  аз коронавирус  ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам  менамоянд.  Пӯшидани ниқобҳои тиббӣ  метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад. Вале, танҳо истифодаи ниқоб кафолати ҳифз шудан аз сироятро надорад, бояд ҳамчунин чораҳои дигари пешгирикунанда риоя карда шаванд.

Март 27, 2020 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид