Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 13 март дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.
Ба баррасии иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати шашум як зумра масъалаҳо, аз ҷумла тасдиқи ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят, даъвати шашум, тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи вилоят, низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят, ташкил намудани комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва интихоби ҳайати онҳо, пешбарии номзад ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 пешниҳод карда шуд.
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят масъалаҳои зикршударо баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул намуданд.
Аз тарафи вакилон номзадии Раҷаббой Аҳмадзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид. Пас аз овоздиҳии пинҳонӣ Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо дарёфти аксари овозҳо аз ҳавзаи интихоботии Суғд, №2 ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






