Сафорат шаҳрвандони Тоҷикистонро аз тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатӣ дар қаламрави Россия хабардор менамояд
ДУШАНБЕ, 20.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Федератсияи Россия хабар медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, Вазорати корҳои дохилии Россия тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷиро дар қаламрави худ интишор намудааст, ки дар он, аз ҷумла гуфта мешавад: «Бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо дарназардошти вазъи вобаста ба паҳншавии сирояти нави коронавирус шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз 19 марти соли 2020 муҳлати будубоши муваққатии худро дар Федератсияи Россия тамдид намоянд. Барои ин, онҳо бояд ба наздиктарин маҳалли воқеии будубоши худ- мақомоти минтақавии Вазорати корҳои дохилии Россия бо ариза (дар шакли озод) муроҷиат кунанд. Шаҳрвандоне, ки дар асоси раводид ба Россия омадаанд, новобаста аз мақсади ворид шудан ба Россия муҳлати эътибори он тамдид карда мешавад. Агар муҳлати раводид аллакай тамом шуда бошад, муҳлати будубоши муваққатии онҳо низ тамдид карда мешавад.
Шаҳрвандоне, ки бо тартиби бе раводид ба Россия омадаанд, муҳлати будубоши онҳо низ тамдид карда мешавад, аз ҷумла агар муҳлаташ ба охир расида ҳам бошад.
Қабули ариза оид ба додани иҷозат барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Федератсияи Россия истиқомат мекунанд, дубора оғоз мегардад.
Ғайр аз он, муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои гирифтани патентҳои нав бидуни тарк кардани қаламрави Федератсияи Россия ва бидуни ба ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани муҳлати пешниҳоди аризаҳои дахлдор муроҷиат кунанд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия дар асоси иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати ба анҷом расидани муҳлати амали ҳуҷҷати додашуда муҳлати он тамдид карда мешавад.»
АКС: © SPUTNIK / СТАС ЭТВЕШ








Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна






