«Салом, Наврӯзи ҷавонӣ»-таҳти ин унвон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ саёҳати ҷавонон мегузарад

Март 13, 2020 08:31

ДУШАНБЕ, 13.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии ҳудуди ҷумҳурӣ таҳти унвони «Салом, Наврӯзи ҷавонӣ» саёҳати ҷавонон доир мегардад. Иқдоми мазкур аз ҷониби  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шудааст.

Тавре аз Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар доираи саёҳати ҷавонон аз ҷониби ҷавонони фаъол, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ва «Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон» барномаҳои фарҳангиву адабӣ доир мегарданд. Ҳамчунин  дар мавзеъҳои фароғатӣ тақсими сабзаҳо ҳамчун рамзи ҷашни Наврӯзи Аҷам ташкил карда мешавад.

Мақсад аз баргузории ҳамоиши мазкур дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯз ва мустаҳкам намудани дӯстӣ миёни ҷавонони тамоми минтақаҳо  мебошад.

Март 13, 2020 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд