Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода дар тантанаи ҷашни Наврӯз дар шаҳри Бохтар иштирок намуд

Март 22, 2020 10:03

ДУШАНБЕ, 22.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳи “Пахтакори”-и маркази вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар меҳмонони олиқадр бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилотию таҳлилии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Пеш аз оғози барнома меҳмонон аз Боғи Раҳмон Мурчаеви шаҳри Бохтар, ки дар ин боғ чорабиниҳо оид ба Сайри гули лола ва ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ омода гардида буд, боздид  намуданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва меҳмонон аз намоиши рангоранги идонаи наврӯзии шаҳру ноҳияҳо дидан карданд.

Сипас, дар барномаи фарҳангии бошукӯҳе, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар омода гардида буд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зикр намуд, ки мояи ифтихору сарфарозист, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр бо рӯҳияи баланди идона дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри бостонии Бохтар таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, ваҳдату созандагӣ азизу гиромӣ медорем. Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.

Зикр шуд, ки иди аҷдодиамон — Наврӯз зодаи хиради азалӣ, андешаи созанда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагонамон мебошад.

Сипас Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ тамоми иштирокдорони барнома ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилояти Хатлонро бо фарорасии фасли баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай   муборакбод намуд.

Барномаҳои фарҳангии бошукӯҳи наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд. Сарвазири мамлакат ба барномаҳои омоданамудаи фарҳангиёни вилоят баҳои баланд дод.

Март 22, 2020 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»