Сергей Лебедев, роҳбари гурӯҳи мушоҳидони ИДМ: интихобкунандагони Тоҷикистон фаъолнокии баланд нишон доданд
ДУШАНБЕ, 02.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. 1 март дар интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон вакилонро на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз ҳудуди он, дар 30 кишвари ҷаҳон, ки сафоратхонаҳои Тоҷикистон мавҷуданд, интихоб намуданд. Аз ҷумла, дар Россия. Дар Россия участкаҳои интихоботӣ дар панҷ шаҳр – Екатеринбург, Москва, Новосибирск, Санкт-Петербург ва Уфа ташкил ёфта буданд, хабар медиҳад шабакаи телевизионии «Мир-24».
Ҷараёни интихоботро нозирони байналмилалӣ мушоҳида намуданд, онҳо аз тамоми участкаҳо, ки беш аз 3 ҳазор буданд, дидан намуданд. Нозирон таъкид карданд, ки дар ҳама ҷо рӯҳияи дӯстиву оромӣ ҳукмфармо буд.
«Фаъолнокии интихобкунандаҳо ҳайратовар буд. Ҷолиб он аст, ки мардум одатан ба участкаҳои интихоботӣ соатҳои 10-11 меоянд. Нозирони мо дар вақти боз намудани участкаҳои интихоботӣ ҳузур доштанд ва диданд, ки соати 6 –и субҳ одамон аллакай дар навбат истодаанд. Ин нишонаи фаъолнокии баланд аст, ки ба ин корҳои зиёди омодагӣ мусоидат намуданд»,- гуфт роҳбари гурӯҳи мушоҳидон аз ИДМ Сергей Лебедев
Ҳар номзадро дар Тоҷикистон шахсан мешиносанд. Ҳамаашон сокинони маҳаллиянд. Бархе аз онҳо дар Парлумон аллакай кор кардаанд. Бинобар ин, интихобкунандагон ба онҳо эътимод доранд.
Участкаҳоро расо соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ бастанд. Аъзои комиссияи интихоботӣ кори худро бо хондани суруди миллӣ анҷом доданд.