«Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор шуд

Март 5, 2020 11:03

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиш доир гардид.

Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхона Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод,  дар  намоиши мазкур  беш аз 40 адад асарҳои офаридаи мусаввирон ва ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ  ҳифз ва нигаҳдорӣ мегарданд, ба тамошо  гузошта шудаанд.

Асарҳои аз ҷониби мусаввирон ва ҳайкалтарошон эҷодшуда нақши зан-модари тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд. Аз ҷумла, симои Гуландом Сафаралиева, Майрам  Исоева дар нақши Гертруда аз намоиши «Ҳамлет», симои Розия Озод, Зебуниссо Рустамова, Тӯҳфа Фозилова, Гулрухсор Сафиева ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.

Намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 30 март идома меёбад. Дар он  беҳтарин асарҳои мусаввирони Тоҷикистон манзури тамошобинон  гардидааст.

Тамошобинон ва ҳаводорони ҳунари рассомӣ метавонанд аз ин намоиш дидан намуда, таассуроти баланд бардоранд.

Март 5, 2020 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Маркази машваратӣ-равоншиносӣ таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ таъсис дода шудаанд