СИЁСАТИ МУҒРИЗОНА. Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои Осиё ва Аврупо фаъолияти Радиои «Озодӣ»-ро дар Тоҷикистон чунин баҳогузорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 03.03.2020/АМИТ «Ховар»/. Муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Тоҷикистон Азимҷони Шералӣ роҷеъ ба мусоҳибаи Радиои «Озодӣ» бо роҳбари ташкилоти террористии ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ оид ба интихоботи вакилони парламенти Тоҷикистон, ки дар равзанаи интернетии ин радио мунташир шудааст, изҳори назар карда, фаъолияти ин радиоро дар қаламравии кишвари мо «муғризона» ва «зарарнок» баҳогузорӣ намудааст.
Азимҷони Шералӣ зимни мақолаи худ, ки дар сомонаи рӯзномаи вилоятии «Хатлон» 29 феврал дарҷ шудааст, дар ин бора чунин навиштааст: «Амре шигифтангез аст, ки Радиои «Озодӣ» дар арафаи интихобот, яъне маъракаи муҳими сиёсии кишвари мо ба таври ошкоро ва иғвоангезона бо раҳбари ҷинояткори як ташаккулаи террористиву экстремистӣ мусоҳиба оростааст, ки ин хилофи ҳама гуна муқаррароти мавҷуда, аз ҷумла хилофи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот» аст. Умуман, ин пойгоҳи иттилоотӣ тӯли вақтҳои охир ба минбари наҳзатиён ва ба вижа раҳбари хоини он – М.Кабирӣ табдил ёфта, ба таври мунтазам дар бораи кишвари мо маводи муғризона интишор медиҳад».
Бино ба навиштаи олими тоҷик, хабарнигори Радиои «Озодӣ» ба таври пӯшида ва мусоҳиби террористи вай ба таври ошкоро барои ҳақ ҷилва додани мавқеи худ ва ҳамзамон тавзеҳи номуваффақ будани талошҳои ҳизби сиёсиашон кӯшидаанд, ки омили асосии қатъи фаъолият ва иштирок накардани ТТЭ ҲНИ-ро дар интихоботи навбатӣ ба Ҳукумати кишвар иртибот медиҳанд. Кабирӣ дар ин мусоҳиба мардумро боз гӯл зада мехоҳад, аз чизи набуда ҳангома созад. Сарвари террористони наҳзатӣ чун ҳамеша бо таҳрифи воқеият ва лафзбозӣ хостааст мавқеи худ ва ҳизби ифротгарояшро ҳақ нишон диҳад.
«Маълум аст, ки Кабирӣ чӣ мехоҳад. Вай ба хотири манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбии худ омода аст, ки манфиатҳои милливу давлатиро сарфи назар кунад. Ӯ бо талошҳои бесамари худ умедвор аст, ки фазои ақидатиро дар ҷомеаи мо тира карда, мардумро ба чолиш хоҳад кашид», — нигоштааст Азимҷони Шералӣ.
Мавсуф чунин мисол низ овардааст: дар посух ба суоли хабарнигор, ки «Шумо дар як суолу ҷавобе бо корбарон дар Интернет гуфтед, ки дар сиёсат риё ҷоиз аст. Яъне фарқи байни сухан ва амал ё худ макри сиёсӣ. Он гоҳ асли покизагии динӣ чӣ мешавад?», Кабирӣ бидуни хиҷолат мегӯяд, ки макру риё варзидан дар сиёсат равост. «Пас, ҳар чӣ феълан Кабирӣ мегӯяд, аслан риёкорона ва фурсатталабона аст. Ӯ ба хотири расидан ба ҳадафҳои худ ҳаргиз аз риёкорӣ кардану дурӯғ гуфтан ва фитнаву дасиса ангехтан шарм намедорад ва истиҳола намекунад. Бидуни шубҳа барои вай анҷом додани ин корҳо як кори маъмулӣ ва муқаррариест. Ин аъмоли номатлуб барои ӯ ва ҳаммаслакони сиёсиаш танҳо василаҳо ва олатҳои ба даст овардани ҳадаф аст», — хулоса бардоштааст Азимҷони Шералӣ.
Дар иртибот ба ин мусоҳиба ӯ чунин мешуморад, ки Радиои «Озодӣ» дар фаъолияти хеш талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии кишвари моро риоя намекунад, аз ҷумла нақзи талаботи банди 1-и моддаи 6-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (№961 аз 19.03.2013с.) ба назар мерасад, ки дар он гуфта шудааст: «Интишори … ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад… манъ аст». Инчунин, аз тарафи намояндагии «Радиои Озодӣ» ҳолатҳои риоя нашудан ва иҷро нагардидани он муқаррароти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар банди 1.5-и моддаи I-и Низомномаи Радиои «Озодӣ» дарҷ шудаанд, ҷой доранд.
Аз ин лиҳоз Азимҷони Шералӣ бар он аст, ки новобаста ба гузаштҳои мақомоти дахлдори Тоҷикистон нисбат ба кормандони радиои мазкур, «то ҳанӯз сиёсати муғризонаи ин расонаи хабарӣ зидди манфиатҳои давлативу миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дода мешавад. Аз ин рӯ, хеле хуб мебуд, ки фаъолияти ин пойгоҳи хабарии иғвоангез дар кишвари мо қатъ карда мешуд, зеро он бидуни шубҳа таҳдиди ҷиддие дар ростои таъмини амнияти иттилоотии кишвари мост».
Дарвоқеъ, намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ, инчунин агентиҳои иттилоотии байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мувофиқаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд. Аккредитатсияи хабарнигорони онҳоро низ ВКХ ҶТ амалӣ менамояд. Вазорат метавонад мувофиқаи худро барои кушодани намояндагиҳои ВАО-и хориҷӣ ва аккредитатсияи кормандони онҳоро дар сурати хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон будани фаъолияти онҳо бекор намояд.









Эмомалӣ Собирзода дар ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок кард
РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ МАВОДИ НАШЪАОВАР. Ба ин муносибат ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид
Таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-ҳарбӣ доир шуд
Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон: «Таътили тобистона бояд ба давраи тарбия, донишандӯзӣ ва истироҳати солим табдил ёбад»
Юсуф Раҳмон дар Форуми байналмилалии амният ва Вохӯрии байналмилалии намояндагони воломақом иштирок намуд
РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ САРҲАДӢ. Афсарону сарбозони ин ниҳод рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – Модар ва халқу давлат бо сарбаландӣ адо менамоянд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии котибони шуроҳои амният дар қолаби «Осиёи Марказӣ – Русия» иштирок намуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи Кумитаи котибони шуроҳои амнияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 100 фоиз иҷро шуд
Оид ба Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Душанбе масоили муқовимат ба ҷинояткорӣ дар замони муосир баррасӣ шуд
Намояндаи Тоҷикистон татбиқи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаоварро дар ҷаласаи СҲШ муаррифӣ намуд






