«ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври аввали ин озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи май оғоз мешавад

Март 12, 2020 13:04

ДУШАНБЕ, 12.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иҷрои Амри Сарвари давлат тартиби баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» миёни гурӯҳҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии санъату фарҳанг ва композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, овозхонон, навозандагон, ҳунармандон дар соли 2020 ба тасвиб расид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов иттилоъ дод.

Тибқи ҷадвали баргузорӣ, Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» аз чор давр иборат мебошад.

Даври аввали озмуни мазкур аз моҳи май то июн дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 13 шаҳру ноҳияҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва моҳи июн дар чор ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва  8 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доир мегардад.

Довталабон дар даври аввали озмун аз ҷониби гурӯҳи мутахассисони соҳаи фарҳанг ва масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ муайян мегарданд. Ғолибон баъди баргузор шудани озмуни ноҳиявию шаҳрӣ ба даври дуюм пешбарӣ карда мешаванд

Макони баргузории даврҳои озмун дар деҳот, шаҳрак, маркази шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе аз ҷониби мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешавад. Ҳамчунин масъулияти баргузории даври якум, дуюм ва сеюм ба уҳдаи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатӣ (ноҳия, шаҳр, вилоят) мебошад. Ҷараёни баргузории тамоми даврҳои озмун тавассути воситаҳои ахбори омма инъикос ва пахш карда мешавад.

Ғолибони даври якум ба даври дуюм ва ғолибони даври дуюм ба даври сеюм роҳхат мегиранд.  Пайдарпайии баромади иштирокчиён тибқи қуръапартоӣ сурат мегирад.

Тавре дар Низомномаи озмун омадааст, он аз рӯи номинатсияҳои зерин гузаронида мешавад:

—  номинатсияи композиторӣ (оҳангсозӣ);

—  номинатсияи сарояндагӣ;

—  номинатсияи навозандагӣ.

Ҳар як номинатсия дорои талаботи махсуси касбӣ  мебошад.

Дар номинатсияи  композиторӣ (оҳангсоз) танҳо шахсони дорои маълумоти миёнаи ибтидоии махсус, миёнаи махсус ва олии  мусиқии касбӣ иштирок мекунанд. Дар он наврасони бахши таълимии назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва донишҷӯёни Консерваторияи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон низ иштирок карда метавонанд. Ба озмун асарҳое пешниҳод мегарданд, ки фарогири мавзӯи зебоиҳои табиати Тоҷикистон, васфи Ватану ватандӯстӣ, сулҳу субот, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқу ҷавонӣ, ғояҳои Истиқлолияту Озодӣ ва об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт бошанд.

Дар номинатсияи сарояндагӣ  — маҳорати  баланди касбӣ, интихоби муносиби шеъру суруд, мазмуну мундариҷа, риояи савтиёти тоҷиконаи талаффуз, хушовозӣ, лаҳни баён,  диапазони овоз, тақсимбандии дурусти ҳиҷоҳо, талаффузи бурро, саҳназебии сароянда, либоси саҳнавӣ, этика ва ҳаракати саҳнавӣ, ҷалби шунаванда ва самимияти сарояндагӣ ба назар гирифта мешаванд.

Дар номинатсияи навозанда — интихоби асари мусиқӣ, мазмун ва мундариҷа, хушсадоӣ, техникаи садобарорӣ, дилнишинии сабки навозандагӣ, этикаи саҳнавӣ, симои зоҳирӣ, эҳсосоти зарбию оҳангӣ, самимияти навозандагӣ, маҳорати касбӣ ва  сабки навозиш мавриди таваҷҷуҳ қарор мегиранд.

Дар се номинатсия иштирокчиён дар навбати худ ба гурӯҳҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ ҷудо мешаванд, ки ҳар яки он дорои талаботи махсуси худ мебошад.

Сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоолим Саидов дар суҳбат бо мо иброз намуд, ки «озмун баҳри тарғиби санъати асил,  боз ҳам ғанитар гардонидани фазои  маънавии ҷомеаи муосир ва таҳкими унсури дунявии фарҳанги миллии тоҷик  равона гардидааст».

Ба зикри номбурда, ҳадафи асосии озмун дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳо мебошад.

Дар таърихи соҳибистиқлолии мамлакат бори дуюм аст, ки озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир мегарданд. Дар ин рӯзҳо дар тамоми муассисаҳои соҳаи санъат ва китобхонаҳо омодагӣ ба ин озмунҳо дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Ин шаҳодати он аст, ки мардуми фарҳангпарвару санъатдӯсти тоҷик соҳиби истеъдодҳои беназир мебошад.

Март 12, 2020 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад