Волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқаи шаҳри Кӯлоб гардиданд
ДУШАНБЕ, 27.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз байни мардон мусобиқаи волейбол баргузор гардид, ки дар даври ниҳоии он 4 даста бо ҳам рақобат карданд. Даври минтақавии мусобиқаи волейбол байни мардон дар толори варзишии Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ҷараён гирифт ва чор дастаи беҳтарин барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ дар даври ниҳоӣ бо ҳам сабқат карданд. Дар ин бора корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Салимзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод.
Барои ишғоли зинаи сеюм дастаи ноҳияи Мӯъминобод бо дастаи дуюми Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб рақобат карданд. Дар натиҷа дастаи ноҳияи Муъминобод ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб шуд. Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоб хеле ҷолиб идома ёфт, ки беҳтарини волейболбозон дар ҳайати ин дастаҳо ба ҳам оварда шуданд.
Ҳарчанд дар даври аввал дастаи шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби 25 бар 18 ғолиб омада бошад ҳам, дар даврҳои дигари ин дидор дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ тавонистанд бартариро ба даст гирифта, бо ҳисоби 2 бар 1 ба пеш бароянд. Дар даври чоруми бозӣ дастаи шаҳри Кӯлоб тавонист ҳисоби бозиро баробар созад ва ниҳоят дар даври панҷуми бозӣ бо ҳисоби 15 бар 13 дастаи волейболбозони ноҳияи Восеъ ғолиби мусобиқа ва сазовори ҷои якум гардид.
Дар ҷамъбасти ин мусобиқа нахуст дастаи ноҳияи Муъминобод баро ишғоли мақоми сеюм бо медалҳои биринҷӣ сарфароз гардид. Дастаи шаҳри Кӯлоб барои ишғоли мақоми дуюм бо нишон ва ифтихорномаҳо қадршиносӣ карда шуд.
Дастаи ноҳияи Восеъ низ бо нишон ва ифтихорномаҳои бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоб барои ноил гардидан ба ғалаба сарфароз гардида, роҳхати даври ҷумҳуриявии мусобиқаро низ ба даст овард.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд






