ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳибкори маҳаллӣ фабрикаи парандапарварӣ бунёд мекунад

Апрель 8, 2020 14:26

ДУШАНБЕ, 08.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба шарафи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди ҳар як ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар самти таъсиси коргоҳу ҷойҳои нави корӣ бунёди 21 корхонаи саноатӣ, 9 гармхона, 3 сардхона, 10 фермаи  чорводорӣ ва парандапарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар» дар вилояти Суғд Абдуаҳад  Дадабоев, имрӯзҳо дар яке аз ҷамоатҳои дурдасти ноҳия-Ҷамоати деҳоти ба номи Дадобой Холматов аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ, роҳбари ҶДММ «Насиби ширин» дар масоҳати қариб 17 гектар сохтмони фабрикаи парандапарварӣ идома дошта, баъди  мавриди истифода қарор гирифтани он қариб 50 нафар бо ҷойи кор таъмин мегарданд.

Фабрикаи парандапарварӣ дорои якчанд  бино  барои парвариши паранда ва дигар иншооти ёрирасон  буда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз аст ва нигоҳубини паранда, раванди тақсими обу дон ва дигар корҳое, ки ба парвариши паранда нигаронида шудаанд, тавассути технология анҷом дода мешаванд.

Итминон аст, ки бунёди чунин фабрикаҳо солҳои наздик метавонад ба рушди соҳа, истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридотӣ, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва таъмини аҳолии мамлакат бо маҳсулоти ватанӣ заминаи воқеӣ гузорад.

Аз оғози соли равон то имрӯз дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров танҳо аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ  5 коргоҳу фабрикаи нави истеҳсолӣ бо зиёда аз 50 ҷойи кор,  чун  ҶДММ «Хубҷамъ Инвест» машғул ба истеҳсоли орд, ҶДММ «Амина К» машғул ба истеҳсоли хӯрокаи паранда, ҶДММ «Абдуллоҷон Самиев» барои коркарди регу шағал,  Фабрикаи парандапарварии ҶДММ «Дӯсти Азиз» ва ҶДММ  «Сехи дӯзандагии Амир» бунёд гардидаанд, ки ин иншоот, бешак  дар ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ ва некӯаҳволии сокинони ноҳия саҳми назаррас мегузоранд.

Инчунин давоми семоҳаи аввали имсол аз ҷониби соҳибкорон дар ҷамоатҳои ноҳия иншооти иҷтимоӣ, аз қабили 1 муассисаи таълимӣ барои 624 хонанда, 3 бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, азнавбарқароркунии 2 муассисаи таълимии садамавӣ ва 3 кӯдакистон,  сохтмони 4 хонаи саломатӣ ва бинои иловагӣ дар  2 маркази саломатӣ, 37 майдончаи варзишӣ, аз  ҷумла 18 адади он аз ҳисоби буҷети ноҳия ба истифода дода шудаанд.

 

Апрель 8, 2020 14:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Беморхонаи байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ҶДММ «Зари Душанбе»-ро ифтитоҳ намуданд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии раёсати ВКД дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид