Агентии обуҳавошиносӣ: 14-15 апрел дар Тоҷикистон ҳаво номусоид боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳавои номусоид дар қаламрави ҷумҳурӣ 14-15 апрел боқӣ монда, бориши борон ва дар баъзе ноҳияҳо боридани ниҳоят шиддатноки он дар назар аст. Қисми зиёди бориш дар минтақаҳои доманакўҳӣ ва кўҳии ноҳияҳои тобеи марказ (Варзоб, Сангвор, Рашт, Нуробод ва Файзобод), вилояти Хатлон (ноҳияҳои Восеъ, Хуросон, Ховалинг, Муъминобод, Ш.Шоҳин ва шаҳри Кўлоб) ва ноҳияҳои доманакўҳи вилояти Суғд (Истаравшан ва Панҷакент) ба қайд гирифта шуда, эҳтимоли омадани сел дар назар аст. Дар ин рӯзҳо дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ), шохобҳои дарёи Вахш баландшавии якбораи сатҳи об пешгўӣ мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, 16-17 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво асосан бебориш шуда, баландшавии ҳарорат дар назар аст. Дар ин рӯзҳо ҳаво дар вилояти Хатлон шабона 7+12 ва рӯзона аз 8+14 то 19+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳаво то 15 апрел боронӣ буда, дар доманакӯҳҳо шиддат гирифтани он дар назар аст. Аз 16 то 18 апрел дар ин минтақа ҳавои бебориш ва тағйирёбанда мешавад. Дар ин рӯзҳо шабона 3+8 ва рӯзона аз 12-17 то 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 15 апрел ҳавои номусоид дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳавои номусоид иброз медорад, ки бориши шиддатнок, бахусус раъду барқ дар роҳҳо хатар дошта, омадани сел, лағзиши тарма ва резиши санг аз эҳтимол дур нест.
Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз аҳолӣ ва меҳмонони мамлакат хоҳиш менамояд, ки рӯзҳои боронӣ ҳамнгоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт бошанд, мошинҳои худро қабл аз сафар омода ва камбудиҳои техникиро бартараф намоянд ва аз сафар ба минтақаҳои хатарзо худдорӣ намоянд. Дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо вазъи хатарнок ба рақами 112 ва ё қисми навбатдории Кумита: (+992) 93 880 28 19, 223 13 11 дар тамос шаванд.








Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст






