Акбар Қурбонзода: «Барои роҳ надодан ба нақлиёти бартаридошта – мошинҳои ёрии таъҷилӣ ва сӯхторнишонӣ ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда ҷарима муайян карда шудааст»
ДУШАНБЕ, 08.04.2020 /АМИТ«Ховар»/. Роҳ надодан ба воситаҳои нақлиётии бартаридошта – ёрии таъҷилӣ ва сӯхторнишонӣ аз ҷониби ронандагони мошинҳои дигар зимни ҳаракат дар роҳҳои ҷумҳурӣ боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Зеро дар сурати монеъ гардидан ба ҳаракати мошинҳои мазкур онҳо наметавонанд таъҷилан ба ҷойи зарурӣ расанд ва ба ниёзмандон кумаки саривақтӣ расонанд. Ба воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилӣ, сӯхторнишонӣ ва дигар мошинҳои бартаридошта ҳаракати роҳро бояд фавран таъмин намуд. Ин матлабро сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Акбар ҚУРБОНЗОДА дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Файзалӣ НИЁЗ баён дошт.
Зимнан, мутобиқи моддаи 318-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар, роҳ надодан ба нақлиёти барои гузаштан бартаридошта – ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муайян карда шудааст, ки як нишондиҳанда ба 58 сомонӣ баробар мебошад.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз 1 январи соли равон то имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ 38 ҷинояти вобаста ба воситаҳои нақлиёт (дуздиву рабудан, роҳзанӣ ва ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт аз ҷойи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ғайб задаанд) ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин ҷиноятҳо 34- тои он кушода гардида, 2 ҳолати рабудани воситаҳои нақлиёт ва 1 далеле, ки ронандаи воситаи нақлиёт аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст, нокушода мондаанд ва корҳои ҷустуҷӯӣ дар ин самт давом доранд.
Бино ба иттилои А. Қурбонзода, бо мақсади баланд бардоштани фаъолияти ҷустуҷӯии Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ оид ба кофтукови воситаҳои нақлиёт, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ дар нақлиёт ва такмили минбаъдаи бурдани ҳисоботи мутамаркази автоматикунонидашудаи иттилоотии ҷустуҷӯӣ дар РБДА ВКД шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиётӣ амал менамояд. Дар ин самт нақши кормандони ин шуъба ва ҷузъҳои он дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар пешгирии ҳолатҳои рабудани воситаҳои нақлиёт, боздошти воситаҳои нақлиёти дар кофтуковбуда ва ба соҳибони воситаҳои нақлиёт баргардонидани мошинҳо назаррас аст.
Тавре ҳамсуҳбати мо мегӯяд, кормандон мекӯшанд дар кӯтоҳтарин муддат ҷиноятҳои марбут ба воситаҳои нақлиётро ошкор намоянд. Ҳамчунин дар назди ин шуъба дивизиони махсуси «Ҷустуҷӯи нақлиёт» фаъолият менамояд, ки ҳадафи он ёрӣ расонидан ба кормандони шуъба дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, кофтукови воситаҳои нақлиёт ва ронандагоне, ки аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд, аз ҷумла иҷрои дигар вазифаҳои ҷамъиятӣ дар вақти озод будан аз кор ва таҳсил ташкил карда шудааст. Кормандони шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиёти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъҳои он дар пешгирӣ ва кушодани ҳодисаҳои дуздиву рабудани воситаҳои нақлиёт фаъоланд.
Ба таъкиди сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бештари ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки содир мегарданд, ронандагон ба ҳамдигар кумак накарда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Онҳо намеандешанд, ки ин рафторашон ҷиноят буда, онҳоро кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дер ё зуд пайдо менамоянд. Чизи дигаре, ки сабаби нигаронист, ин шоҳиди садамаи роҳу нақлиётӣ гардидани шаҳрвандон ва хабар надодан ба мақомоти корҳои дохилӣ мебошад. Кумак намудан ба якдигар ба манфиати кор буда, сабаби саломат мондани иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мегардад.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки аз тарафи кормандони шуъбаи кофтукови воситаҳои нақлиёт пайваста миёни кормандони хадамоти роҳбонӣ чорабиниҳои махсус оид ба баланд бардоштани ҳушёрии бозрасон дар дидбонгоҳҳо ва хатсайри патрулӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбею ноҳияҳои тобеи марказ гузаронида мешаванд. Ҳамчунин дар ҳамбастагӣ бо кормандони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ҷумҳурӣ мунтазам чорабинии машқӣ-таълимии «Боздошт» гузаронида мешавад.
Таҳлилҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки яке аз сабабҳои асосии дуздидану рабудани воситаҳои нақлиёт- ин беназорат гузоштани воситаҳои нақлиёт дар роҳҳо мебошад. Мо ҳамарӯза мушоҳида менамоем, ки бештари воситаҳои нақлиёт шабона дар назди биноҳои истиқоматӣ ё шафати роҳҳо беназорат гузошта мешаванд. Ҳол он ки дар тамоми минтақаҳои шаҳр таваққуфгоҳҳои доимоамалкунанда мавҷуд буда, дар хизмати мардум қарор доранд. Дар назди биноҳои истиқоматӣ чунин ҳолатҳо зиёд ба назар мерасанд- баъзе ронандагон воситаҳои нақлиёти худро тарзе мегузоранд, ки ба ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт монеа эҷод менамоянд. Чунин рафтори ронандагон кори ношоиста буда, монеи ҳаракати дигар мошинҳо мешаванд.
«Ронандагон вазифадоранд, ки воситаҳои нақлиёти худро дар таваққуфгоҳҳои муайяншуда гузошта, аз пайи кори худ раванд. Аз дигар тараф, ронандагон бояд мошинҳои худро бо асбоби садодиҳанда таҷҳизонанд, ки он кафолати бехатарӣ ва бехавфии воситаи нақлиёт мебошад»,-изҳор намуд Акбар Курбонзода.








Котиби Шурои амнияти мамлакат бо Сафири Покистон дар Тоҷикистон мулоқот намуд
ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 500 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Прокуратураи генералӣ оид ба иҷрои қонунгузории мамлакат беш аз 4,6 ҳазор санҷиш гузаронид
Дар Тоҷикистон беш аз 600 ҳолати машғул шудан ба ҷодугарӣ ва фолбинӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон сатҳи содиршавии ҷиноят 10,3 фоиз коҳиш ёфтааст
Рамазон Раҳимзода: «Ҷавобгарӣ барои таваққуф дар қаторҳои дуюм ва сеюм пурзӯр карда мешавад»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шаш моҳи соли 2026 сатҳи ҷинояткорӣ байни ноболиғон ва ҷавонон зиёд шудааст
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд






