Ҷаласаи Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ зери роҳбарии муовини Сарвазир баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Чанде қабл зери роҳбарии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ баргузор гардид, ки дар он аъзои Шӯро, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа ҳисоботи Директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ барои давраи сипаригардида ва муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба натиҷаи ташрифи гурӯҳи корӣ ба КВД “Нури Ховар” шунида шуд.
Муовини Сарвазир баррасии дастаҷамъонаи корҳоро дар ин самт ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои масъули соҳаро мавриди муҳокимаи аъзои шўро қарор дода, аз масъулин талаб намуд, ки иҷрои вазифаҳои ба онҳо гузошташударо сари вақт ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо сифати баланд таъмин намоянд. Зикр карда шуд, ки ҳолати кунунии ташкили кор дар ин самт қонеъкунанда намебошад.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки самаранок амалӣ намудани имкониятҳо дар доираи Созишномаи ҳошиявии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «Вобаста ба фаъолият дар доираи ҳисоби барқарорсозии муҳити зист барои Осиёи Марказӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишномаи байнидавлатии давлатҳои АвруОсиё (ҳоло бо сарпарастии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил) Барномаи байнидавлатии мақсадноки “Солимгардонии ҳудудҳои давлатҳои зери таъсири истеҳсолоти уран қароргирифта”, барои солимгардонии ҳудудҳои зери истеҳсолоти уран қарордошта заминаи мусоид фароҳам меоваранд.
«Имрӯз мо на танҳо масъул барои солимгардонии ҳудудҳои зарардида аз истеҳсоли уран мебошем, балки вазифадор гаштаем, ки барои насли ояндаи миллатамон ҳудуди поку мусаффо мерос гузорем», — тазаккур дод Азим Иброҳим.
Дар интиҳои ҷаласаи корӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо, амалисозии вазифаҳои нақшавӣ ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани бехатарии радиатсионӣ, ки аз ҷониби муовини Сарвазир баён гардид, қарорҳои дахлдори протоколӣ қабул карда шуданд.








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






