ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар минтақаи Рашт
РАШТ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони нуқтаи бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҳамарӯза аз саҳар то бегоҳ ба хонандагон ва падару модарони онҳо хизмат мерасонанд. Дар натиҷа то 14 апрел 2070 нафар довталабон аз синфи 11 ва 298 нафар довталабон аз синфи 9 ба қайд гирифта шудаанд.
Корманди ин нуқтаи бақайдгирӣ Салимбек Тураев иброз намуд, ки имсол нисбат ба солҳои пеш волидайни хонандагон зиёдтар кӯшиш доранд, то сари вақт фарзандонашонро ба қайд гиранд. Дар ин давра мутахассисони нуқтаи бақайдгирӣ 7 нафар ятими кулл, 100 нафар нимятим, 5 нафар маъюб ва 19 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба қайд гирифтаанд, ки онҳо аз имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдоранд.
Тибқи иттилои масъулини ин нуқтаи бақайдгирӣ, танҳо дар нуқтаҳои сайёри ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод 969 нафар довталабони синфи 11 ва 86 нафар аз синфи 9 ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти ин нуқтаҳои сайёр дар шароити кӯҳистони минтақа ба волидайни довталабон хеле кумакрасонид.
Мутаассифона, фаъолияти тарғиботии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои минтақаи Рашт ва шуъбаҳои маорифи ин ноҳияҳо баҳри ҷалби духтарони синфҳои 11 ба муассисаҳои касбии олии мамлакат кам мушоҳида мешавад. Чунки аз шумораи умумии 2070 нафар довталаб аз синфи 11 ҳамагӣ 410 нафар духтарон ва аз синфи 9 аз 298 нафар 110 нафар духтар ба нуқтаи бақайдгирӣ муроҷиат намудаанд.
Роҳбарияти ноҳияҳои минтақаи Раштро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷалби духтарон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, инчунин соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намуда, баҳри омода намудани мутахассисони арзанда дар ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби бонувон кӯшиш ба харҷ диҳанд.









«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд






