ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ. Гузориши хабарнигори АМИТ «Ховар» дар бораи фаъолияти нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ дар минтақаи Рашт

Апрель 16, 2020 10:23

РАШТ, 16.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони нуқтаи  бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Рашт  ҳамарӯза аз саҳар то бегоҳ ба хонандагон ва падару модарони онҳо хизмат мерасонанд. Дар натиҷа то 14 апрел 2070 нафар довталабон аз синфи 11 ва 298 нафар довталабон аз синфи 9  ба қайд гирифта шудаанд.

Корманди ин нуқтаи бақайдгирӣ Салимбек Тураев  иброз намуд, ки имсол нисбат ба солҳои пеш волидайни хонандагон зиёдтар кӯшиш  доранд, то сари вақт фарзандонашонро ба қайд гиранд.  Дар ин давра мутахассисони нуқтаи бақайдгирӣ  7 нафар ятими кулл, 100 нафар нимятим, 5 нафар маъюб ва 19 нафар хизматчиёни ҳарбиро ба қайд гирифтаанд, ки онҳо аз имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдоранд.

Тибқи иттилои масъулини ин нуқтаи бақайдгирӣ, танҳо дар нуқтаҳои сайёри ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор ва Нуробод 969 нафар довталабони синфи 11 ва 86 нафар аз синфи 9 ба қайд гирифта шудаанд. Фаъолияти ин нуқтаҳои сайёр дар шароити кӯҳистони минтақа ба волидайни довталабон хеле кумакрасонид.

Мутаассифона, фаъолияти тарғиботии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои  минтақаи Рашт ва шуъбаҳои маорифи ин ноҳияҳо  баҳри ҷалби духтарони синфҳои 11  ба муассисаҳои касбии олии мамлакат   кам мушоҳида мешавад. Чунки аз шумораи  умумии 2070 нафар довталаб аз синфи 11 ҳамагӣ 410 нафар духтарон ва аз синфи 9 аз 298 нафар 110 нафар духтар  ба нуқтаи бақайдгирӣ муроҷиат намудаанд.

Роҳбарияти  ноҳияҳои минтақаи Раштро зарур аст, ки баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷалби духтарон ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии мамлакат, инчунин соҳибкасб намудани занону бонувони хонашин корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намуда, баҳри омода намудани  мутахассисони арзанда дар ҳамаи соҳаҳо аз ҳисоби бонувон  кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Апрель 16, 2020 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад
«БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ». Он фаъолияти китобхонаҳоро ба талаботи замони муосир мутобиқ менамояд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон оид ба хатари терроризм ҳамоиш баргузор шуд
Бинои нави маъмурии Муассисаи давлатии «Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор» ба истифода дода шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи фалак таҷлил мегардад
Тоҷикистон дар Бозиҳои 20-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ соҳиби ҷойи аввал гардид
Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти омӯзиши забони англисӣ густариш медиҳанд