«Амонатбонк» бо мақсади сода намудани расмияти қарзгирӣ номгӯи ҳуҷҷатҳоро кам намуд
ДУШАНБЕ, 21.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷиҳати сода намудани тартиби қарздиҳӣ, пешниҳоди бештари қарзҳо ба соҳаҳои истеҳсолӣ, бахусус соҳибкории хурду миёна ва паст кардани фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда соли равон сиёсати қарзии худро таҷдид намуд. Бо мақсади сода намудани расмияти қарзгирӣ, бахусус нисбат ба қарзҳои хурд дар бонк номгӯи ҳуҷҷатҳо кам карда шуд.
Дар хабаре, ки аз Бонки давлатиии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» расидааст, гуфта мешавад, ки дар ин раванд меъёри фоизи қарзҳои овердрафтӣ, гумрукӣ ва қарзҳо ба соҳаи саноат бо пули миллӣ ва ҳамаи қарзҳои бо асъори хориҷӣ пешниҳодшаванда ба андозаи 2 банди фоизӣ паст карда шуд.
Дар баробари ин, ба муштариёни Бонк имконият дода мешавад, ки маблағи қарзро дар доираи талаботи муқарраргардида истифода намуда, пардохти онро бо усули қисм ба қисм (ануитет) амалӣ намоянд. Дар ин раванд, андозаи қарзҳои бегарав, яъне таҳти замонати шахси сеюм ҷудошаванда то 20 ҳазор сомонӣ муқаррар гардид, ки нисбат ба меъёрҳои қаблан амалкунанда як маротиба бештар мебошад. Ҳамзамон пешниҳоди қарзҳои изофабардошт (овердрафтӣ) тавассути кортҳои пардохтии бонкӣ ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Бонк қарор дода шуда, тартиби пешниҳоди он сода ва муҳлати истифодааш то 60 рӯз тамдид карда шудааст.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






