БА ХИЗМАТИ ВАТАН ОМОДА! Сафарбарнамоии 74 нафар ҷавонон дар нахустин рӯзи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ

Апрель 1, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 01.04.2020/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар майдони марказии Шоҳ Исмоили Сомонии марказии шаҳри Исфара зимни баргузорсозии як тантанаи бошукӯҳ 74 нафар ҷавонони шуҷоатманди деҳоти Ворух ва Чоркӯҳ ба хизмати ҳарбӣ сафарбар карда шуданд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара.

Тавре Раиси шаҳри  Исфара Акрам Сулаймонзода  зимни суханронии хеш изҳор дошт, нахустин рӯзи сафарбарнамоӣ ва гусели ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аз оғози нек ва муташаккилонаи маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ   гувоҳӣ  медиҳад. Зеро аллакай шумораи дар меъёри даъват муқарраршудаи даъватшавандагон аз комиссияи тиббӣ гузашта,барои сафарбарнамоӣ омода ҳастанд ва дар рӯзҳои наздиктарин ба муҳофизати Ватан фиристода хоҳанд шуд.

Шаҳрдори Исфара бо зикри он, ки аҷдодони хирадманди мо аз қадимулайём мардонагии ҳақиқиро дар омодагӣ ба ҳифзи Ватан ва ҷонфидоӣ ба номи Ватан медиданд, бузургмардоне чун Спитамену Деваштич, Темурмалику Восеъ ва даҳҳо дигаронро, ки хушбахтии комили мардуми худро дар мавҷудияти Ватан дидаву баҳри ҳифзу ҳимояи сарзамини аҷдодии хеш ҷонфидоёна мубориза бурдаанд, тимсоли қаҳрамонӣ ва ватандорӣ арзёбӣ намуда, ҳомиёни ояндаи Ватанаро ба хизмати содиқонаю бошарафона ҳидоят намуд.

Апрель 1, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд