БИЁЕД, КИТОБ ХОНЕМ! Имрӯз Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз гардид

Апрель 2, 2020 15:50

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» ба кор оғоз намуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Фирӯзаи Давлат аз оғози рӯзи аввали Фестивали мазкур гузориш медиҳад.

Дар фестивал адибону олимон, намояндагони вазоратҳои фарҳанг,  маориф ва илм, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, хонадагон ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Аз субҳи барвақт дар саҳни китобхонаи  мазкур аз ҷониби якчанд нашриёти ватанӣ  китобҳои тозанашри бачагона ба намоиш-фурӯш пешниҳод гардиданд, ки ин анъана то 9 апрел идома меёбад. Ҳамчунин дар  ин ҷо  хонандагони хурдсоли шаҳри Душанбе маҳсули дастранҷи худро ба намоиш  гузоштанд, ки аз ҷониби меҳмонон ва тамошобинон хуш қабул гардид.

Сипас дар толори китобхона барномаи фарҳангӣ бо иштироки хонандагони тамоми муассисаҳои шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар барномаи фарҳангӣ қироати шеър аз ашъори шоирон, суҳбати кӯдакону наврасон бо адибон ва намоиши театрии хонадагон доир гардид.

Сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода иброз намуд, ки барои дар рӯҳияи ватандорӣ ва хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас баргузории чунин Фестивал ва озмунҳо ба манфиати кор  аст.

Мавсуф изҳор намуд, ки имрӯз мо бояд насли наврасро чунин тарбия намоем, ки дар оянда бунёдкору созанда ва инсонгаро бошанд. Зеро инкишофи ҷомеа аз насли навраси босавод вобастагӣ дорад.

Дар фестивал озмунҳои гуногун, аз қабили озмуни «Расмҳо аз рӯи асарҳои кӯдакона», «Китобчаи дӯстдоштаи ман», Озмуни «Хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО», сабқатҳои «Фурӯхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кӯдакон», «Фаъолтарин китобхона ва хонандаи ҷавон», «Ровиёни ҷавон» баргузор мегарданд. Инчунин  вохӯрии хонандагон бо адибон, суҳбатҳои «мизи гирд» ва муаррифии китобҳои нав дар назар аст.

Ҳадафи асосии баргузории фестивал-ин ҷалби насли наврас ба мутолиаи китоб, ташаккул ва такомули беҳтарин малакаҳои хониш, боз ҳам баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии кӯдакону наврасон, ҷавонон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ мебошад.

Муҳимтарин вазифаи фестивал арҷгузорӣ ба мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ,  тарғибу ташвиқи адабиёти тозанашри илмӣ — оммавӣ,  муаррифии беҳтарин асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик,  дастраси кӯдакону наврасон гардонидани мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик тавассути ташкили маърӯзаҳо,  дар ҳамкорӣ бо падару модарон боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбияи фарзандон, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии волидайн нисбат ба масъалаҳои хониши кӯдакону наврасон, ташаккули фарҳанги иттилоотии онҳо, бедор намудани майлу рағбат ва шавқу ҳаваси насли наврас ба мутолиаи китоб ва чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ, кашфи истеъдодҳои ҷавон,  ташкили ярмаркаи китобҳои бачагона мебошад.

Дар суҳбат бо мо мудири шуъбаи пурракунӣ ва коркарди адабиёти бачагонаи Китобхонаи давлатии бачагонаи ба номи Мирсаид Миршакар Гулнора Азизова изҳор дошт, ки «шавқи насли наврас ба китоб рӯз то рӯз бештар мегардад. Имрӯз китобхонаи мо зиёда аз 10 ҳазор хонанда дорад. Барои шавқу рағбати насли наврасро ба китоб зиёд намудан бояд мо аввал худамон китобхон бошем. Агар дар оила таваҷҷуҳи волидайн ба китоб равона бошад, ё миёни ҳамдигар доир ба китоб сухан гӯянд, шавқи фарзанд низ ба он зиёд шуда, аз онҳо ибрат мегирад. Ҳамчунин алоқаи байни волидайн ба китобхона ва муассисаҳои таълимӣ зиёд шавад, нуран ало нур мешавад».

Яке аз иштирокчиёни Фестивал дар озмуни  «Фаъолтарин хонандаи ҷавон»- хонандаи синфи 4-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №60 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Суҳайло Одинаева иброз намуд, ки «имрӯз барои сайқал додани дониши худ ба инҷо омадам. Ман ҳамчунин барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик омодагӣ дида истодаам. Барои ман омӯзгорон ва падару модарам китобҳоро тавсия медиҳанд. Дар вақти мутолиа агар ҷоеро нафаҳмам, волидайнам ба ман кумак мекунанд. Аз ҳамсолонам даъват менамоям, ки биёед,  китоб хонем, то дар оянда роҳи дурусти зиндагиамонро интихоб карда тавонем».

Инчунин созмондиҳандагон, иштирокчиёни фаъоли фестивал, китобдорон, адибону олимон, омӯзгорон, хонандагон, кормандони воситаҳои ахбори омма, муассисаву ташкилот, шахсони алоҳида аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мукофотҳои пулӣ, туҳфаҳо, ифтихорномаҳо ва нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Тараннумгари сухан» 9 апрел дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷамъбаст мегардад.

Апрель 2, 2020 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи осорхонашиносӣ баргузор гардид
«СЕТОР». Ин гулчини ғазалиёт ғолиби номинатсияи «Китоби назм» дар соли 2024 гардид
Ҳайати намояндагони Ҳизби Коммунистии Чин бо Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шинос гардид
Соли 2027 дар Тоҷикистон Форуми VI байналмилалии ҷавонони эҷодкор доир мегардад
Кулолгар Фозил Носиров: «Армуғонҳо бояд Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоянд»
ШАБИ ЯЛДО. Имрӯз дар Тоҷикистон зимистони астрономӣ фаро мерасад
Дар Душанбе маҳфили адабии нависанда, драматург, тарҷумон ва публисист Мансур Суруш доир гардид
Дар «Тоҷикфилм» лоиҳаҳои синамоӣ рӯнамоӣ мегарданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанг байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Қасри фарҳанги ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба номи Давлатманд Хол гузошта шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Айнӣ Маркази фарҳангию фароғатӣ сохта мешавад
ҲАР ОН КАС КИ ШОҲНОМАХОНӢ КУНАД. Андешаҳои профессор Нуралӣ Нурзод вобаста ба баргузории озмуни «Шоҳномахонӣ»