Дар Бохтар беш аз 800 нафар барои рӯйхат кардани аҳолӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд

Апрель 20, 2020 13:05

БОХТАР, 20.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Барои рӯйхат кардани аҳолӣ  дар шаҳри Бохтар беш аз 800 нафар ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Ҳамчунин раисони шӯрои маҳаллаҳо, кормандони мақомоти худидораи маҳаллӣ низ ҷалб карда мегарданд, зеро онҳо бо аҳолӣ суҳбат намуда, таблиғот мебаранд.

Дар ин бора имрӯз, 20 апрел  дар оғози семинари дурӯза, ки дар шаҳри  Бохтари вилояти Хатлон  дар мавзӯи «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020» баргузор гардид,  иттилоъ дода шуд.

Тавре  мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, семинари  мазкур бо дастгирии Бунёди  СММ (UNFPA) дар самти аҳолӣ дар доираи лоиҳаи нави «Тақвияти омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад,  доир мегардад.

«Дар семнар муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода ва сардори идораи омори вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ширкат намуданд»,-афзуд манбаъ.

Ба иштирокчиён иттилоъ дода шуд, ки барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил рӯйдоди муҳими давлатӣ мебошад. Он барои нишондиҳандаҳои муайяни иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва демографӣ маълумоти аниқ ва  пурраи аҳолиро фароҳам меорад ва омори воқеии демографӣ таҳия менамояд.

Натиҷаҳое, ки дар ҷараёни рӯйхат кардани аҳолӣ  ба даст меоянд, ба таҳияи сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, пешбинӣ ва барномаҳо оид ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳамчунин ҳалли самарабахши  вазифаҳо дар соҳаҳои гуногун мусоидат мекунанд.

15 апрел чунин семинари дурӯза дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Апрель 20, 2020 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд