Дар деҳаи Спинзи ноҳияи Шуғнон бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд
ШУҒНОН, 14.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Толибилмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии асосии №17-и деҳаи Спинзи Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд дар синфхонаҳои васеъ ва ҳарораташон муътадил таҳсилро идома медиҳанд. Дар ин деҳа бинои нави таълимӣ мавриди истифода қарор дода шуд. Хонандагону омӯзгорон аз сифати кори бинокорони ҶДММ «Мадад» изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон Қадамшо Саидарабов гуфт, ки “бинои кӯҳнаи таълимгоҳро аввали солҳои шастуми асри гузашта сохта буданд ва он дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Бар асари зилзила деворҳояш осеби ҷиддӣ дида буданд. Аз ин рӯ, дар фасли сармо гарм кардани синфхонаҳои мактаб ғайриимкон буд. Хонандагон маҷбур мешуданд, ки либосҳои ғафси зимистонаро аз тан бадар накунанд. Бе ин ҳам синфхонаҳо хеле тангу торик буданд. Бо кумаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят давоми як сол бинои нави замонавӣ, ки аз 8 синфхона, китобхона ва ду утоқ барои омӯзгорон иборат аст, сохта ба истифода дода шуд”.
Бино системаи ягонаи гармдиҳӣ дошта, дар сурати қатъ шудани барқ имкони бо ангиштсанг гарм намудани он низ вуҷуд дорад.
Ба гуфтаи мудири шуъбаи маорифи ноҳия, дар се соли охир дар ҳудуди ноҳия 5 бинои муосири таълимӣ сохта шуданд, ки дутояшон дуошёна ва яке аз инҳо сеошёна мебошад. Ҳоло дар 56 муассисаи таълимии ин ноҳия зиёда аз 6 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.










Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






