Дар Хоруғ оид ба пешгирии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шудаанд
ДУШАНБЕ, 21.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази саломатии шаҳри Хоруғ Ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирии бемории коронавирус ташкил гардидааст. Ба он коршиносони соҳаи тандурустӣ шомил гардида, ҳамарӯза ба аҳолӣ қоидаҳои одитарини санитариро ҷиҳати беҳдошти хонаю коргоҳ мефаҳмонанд. Аъзои ситод чораҳои заруриро амалӣ намуда, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маълумот пешниҳод менамояд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дода шуд.
Шаҳри Хоруғ дорои як маркази саломатӣ буда, он аз шуъбаҳои маркази иммунизатсия, маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, шуъбаҳои ташхисӣ, шуъбаи машварати тиббӣ, шуъбаи педагогӣ-психологӣ, утоқи сабти кори дил, шуъбаи физиотерапевтӣ, утоқи муоинаи занона ва озмоишгоҳи клиникӣ иборат мебошад. Инчунин дар се бунгоҳи тиббӣ -бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи марказӣ, маҳаллаи Хоруғи Боло, бунгоҳи маҳаллаи Чухт-Хоруғ ва бунгоҳи маҳаллаи Тем, ки зертобеи маркази саломатии шаҳрӣ мебошанд, ба аҳолӣ хизматрасонии тиббӣ расонида мешавад.
Ҳамчунин баҳри иҷро ва татбиқи «Барномаи миллӣ оид ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» дар се моҳи соли равон барномаҳои гуногун оид ба мубориза алайҳи ин беморӣ гузаронида шуда, ба аҳолӣ зиёда аз 700 адад брошюраҳо бо нишон додани роҳҳои пешгирии оқибатҳои ин беморӣ тақсим шуданд.
Дар семоҳаи аввали имсол 2 нафар (1-мард, 1 зан) ба қайди диспансерӣ ва табобат фаро гирифта шуданд. Аз ҷониби мутахассисони маркази шаҳрии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВНМО ҳар моҳ ба маризон ёрии профилактикӣ расонида мешавад.








СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд






