Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки 43 нафар гулдухтарон Фестивали «Чакомаи гесӯ» доир гардид

Апрель 6, 2020 16:26

 РӮДАКӢ, 06.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ  бо иштироки  43 нафар гулдухтарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, фаъолзанон, кормандони  мақомоти маҳаллӣ ва ҳайати ҳакамон  Фестивали «Чакомаи гесӯ»  баргузор гардид. Дар натиҷа тибқи баҳои ҳакамон ҷойи аввалро сокини ҷамоати шаҳраки Сомониён Садбарг Нуруллозода ва ҷои дуюмро донишҷӯи  Коллеҷи тиббии ноҳия Маҳина Саидумарова сазовор гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Фестивали мазкур се бахшро дар бар гирифта, аз ҷониби иштирокчиён  ороиш ва муйбофии қадимӣ ва  ҳунари машшотаҳо намоиш дода шуд.

Мақсади асосии баргузории фестивали «Чакомаи гесӯ»-ин намоиш, ороишу парвариши мӯй, рӯй, ҳаракати мавзун, муоширати духтарон, намоиши ҳунари волои машшотаҳо ва ба ин васила дар доираи расму оинҳои миллӣ тарғибу ташвиқи анъанаҳои миллӣ, аз қабили саршӯёну мӯйбофон, зулфандозӣ, ҷамолакбандию кокулбофӣ, эҳёи анъанаҳову маросими миллӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Муовини раиси ноҳияи Рӯдакӣ Фирӯза Камолзода изҳор дошт, ки баргузории Фестивали «Чакомаи гесӯ» имконият медиҳад паҳлӯҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани парваришу ороиши мӯй, ҳунари волои машшотагии ин ё он маҳал, санъати асили шонатарошию навъҳои гуногуни мӯйбофию ҷамолакбандӣ, зулфандозӣ  мавриди баҳрабардории ҳамагон қарор гиранд ва ҳунари ороишгарону машшотаҳо равнақ ёбад.

Мавриди зикр аст, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру деҳоти мамлакат бунёди  кошонаҳои ҳусн ба нақша гирифта шуда, фестивали мазкур барои дар оянда фаъолият намудани онҳо мусоидат менамояд.

Апрель 6, 2020 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд