Дар шаҳри Бӯстон оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва вусъати корҳои ободонӣ мулоқот доир шуд
ДУШНБЕ, 07.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо иштироки роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён ва раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо аҳли ҷамоати шаҳр мулоқот доир гардид.
Роҳбари шаҳр нахуст аз пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ, аз қабили бемории сироятии намуди нави коронавирус, саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони ибрози назар намуд.
«Имрӯз сирояти коронавирус кулли мардуми ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Хушбахтона, дар мамлакати мо ин бемории сироятӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки баҳри пешгирӣ ва пайдоиши ин вируси марговар аз тамоми имкониятҳо истифода намуда, ба тавсияи табибон ва қоидаҳои аввалини тиббию санитарӣ риоя намоем»,-гуфт Р. Ҳошимзода ва тадбирҳои андешидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус шарҳ дод.
Муовини якуми раиси шаҳри Бӯстон Қаюмҷон Маҳмудзода оид ба иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вобаста ба омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан гуфт.
Ҳамзамон сартабиби беморхонаи марказии шаҳр Умедҷон Абдуллоев вобаста ба ҳолати омодабоши муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳри Бӯстон ибрози назар кард.
Роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён сокинонро ба пешгирии ҳама гуна ҳангомаву бӯҳтон ва хабарҳои беасос даъват намуда, хоҳиш кард, ки ба ҷои ин дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ саҳм гузоранд.
Дар фарҷом раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оид ба тақвияти корҳои тарғиботиву равшаннамоӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва пешгирии баландравии беасоси молу маҳсулот ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Бӯстон тибқи амри раиси шаҳр ситоди доимоамалкунанда вобаста ба пешгирии сирояти намуди нави коронавирус ташкил карда шуда, дар заминаи он нақшаи чорабиниҳои пешгирикунанда таҳия гардидааст.








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд






