Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи андоз баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 11.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба қонунгузории амалкунандаи соҳаи андоз баргузор шуд.
Дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, семинар-машваратро муовини якуми Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Сангинзода ифтитоҳ намуда, намояндагони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз рӯнамо (презентатсия) оид ба муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди маъмурикунонии андоз, бақайдгирии давлатии соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқукӣ, имтиёзҳои андозӣ барои сармоягузорон ва лоиҳаҳои қарзӣ (грантӣ) ба иштирокдорон маълумоти муфассал доданд.
Дар анҷоми семинар-машварат вобаста ба масъалаҳои муҳокимагардида мубодилаи афкор сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки чунин семинар-машваратҳо дар зерсохторҳои вазорат низ баргузор карда шаванд.








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






