Дастоварди тозаи ТВ «Синамо»: Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардон Ҷумъа Рустамӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид
ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардони Муассисаи давлатии телевизиони «Синамо» Ҷумъа Рустамӣ дар 19-умин Фестивали байналмилалии «Картина эта…» («Picture this…film festival»), ки ҳамасола дар шаҳри Калгари Канада баргузор мегардад, соҳиби ҷоиза гардид.
Ҷумъа Рустамӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки фестивали мазкур аз 1 апрел шурӯъ гардида, то 4 апрел идома меёбад.
Мавсуф иброз дошт, ки «ҷоизае, ки аъзои ҳакамони Фестивали байналмилалии «Картина эта…» ба филми ман сазовор донистанд, барои «Беҳтарин нақш» аст. Ман ҳам коргардонии филмро ба уҳда доштам ва ҳам дар он нақши асосиро иҷро намудам».
Филми мазкур аз рӯи асари Носири Хусрав гирифта шуда, мавзӯяш фалсафӣ ва оид ба худшиносии инсонӣ мебошад.
Тарзи гузаронидани фестивал чунин аст, ки аъзои ҳакамон филмҳоро қаблан аз назар гузаронида, баҳогузорӣ менамоянд. Дар рӯзҳои фестивал маросими ҷоизасупорӣ доир мегардаду бори дигар филмҳои пешниҳодшударо манзури меҳмонону тамошобинон мегардонанд.
Бояд гуфт, ки филми ин коргардони ҷавон бо зиёда аз 50 филми давлатҳои гуногун рақобат карда, тавонист бо кори олии наворбардорӣ, мусиқиҳои ҷаззоб ва сабки нақшофарӣ диққати ҳакамонро ба худ ҷалб намояд.
Ҷумъа Рустамӣ коргардони ҷавон буда, давоми чанд сол мешавад, ки дар ТВ «Синамо» фаъолият дорад. Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и ӯ низ бо дастгирии роҳбарияти ТВ «Синамо» рӯи навор омадааст, ки қобили дастгирист.
Ба майдони кинематография омадани чунин коргардонҳои ҷавон ва хушбину хушзавқ, ки бо назари тоза ва сабки замонавӣ филм меофаранд, аз ояндаи пурифтихори кинои тоҷик дарак медиҳад.








ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Бахшида ба 115-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд
Озмоишгоҳи энергетикаи гидрогенӣ сохта мешавад
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
ТАРАННУМИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ РОБИАИ БАЛХӢ. Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиш доир шуд
Оид ба Хутали қадим чун пойгоҳи зуҳури забони тоҷикӣ ва тамаддуни бостонии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамоиш доир шуд
Эҳдо ба Пешвои миллат
Дар ноҳияи Нуробод намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр доир гардид
Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ ба мавзуи «Истиқлол, забонҳои модарӣ ва арҷгузорӣ ба онҳо» бахшида шуд






