Дастоварди тозаи ТВ «Синамо»: Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардон Ҷумъа Рустамӣ соҳиби ҷоизаи байналмилалӣ гардид

Апрель 2, 2020 14:35

ДУШАНБЕ, 02.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и коргардони Муассисаи давлатии  телевизиони  «Синамо» Ҷумъа Рустамӣ дар 19-умин  Фестивали байналмилалии «Картина эта…» («Picture this…film festival»), ки ҳамасола дар шаҳри Калгари Канада баргузор мегардад, соҳиби ҷоиза гардид.

Ҷумъа Рустамӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки фестивали мазкур аз 1 апрел шурӯъ гардида, то 4 апрел идома меёбад.

Мавсуф иброз дошт, ки «ҷоизае, ки аъзои ҳакамони Фестивали байналмилалии «Картина эта…» ба филми ман сазовор донистанд,  барои «Беҳтарин нақш» аст. Ман ҳам коргардонии филмро ба уҳда доштам  ва ҳам дар он нақши асосиро иҷро намудам».

Филми мазкур аз рӯи асари Носири Хусрав гирифта шуда, мавзӯяш фалсафӣ ва оид ба худшиносии инсонӣ мебошад.

Тарзи гузаронидани фестивал чунин аст, ки аъзои ҳакамон филмҳоро қаблан аз назар гузаронида, баҳогузорӣ менамоянд. Дар рӯзҳои фестивал маросими ҷоизасупорӣ доир мегардаду бори дигар филмҳои пешниҳодшударо манзури меҳмонону тамошобинон  мегардонанд.

Бояд гуфт, ки филми ин коргардони ҷавон бо зиёда аз 50 филми давлатҳои гуногун рақобат карда, тавонист бо кори олии наворбардорӣ, мусиқиҳои ҷаззоб ва сабки нақшофарӣ диққати ҳакамонро ба худ ҷалб намояд.

Ҷумъа Рустамӣ коргардони ҷавон буда, давоми чанд сол мешавад, ки дар ТВ «Синамо» фаъолият дорад. Филми кӯтоҳи «Инъикос»-и ӯ низ бо дастгирии роҳбарияти ТВ «Синамо» рӯи навор омадааст, ки  қобили дастгирист.

Ба майдони кинематография омадани чунин коргардонҳои ҷавон ва хушбину хушзавқ, ки бо назари тоза ва сабки замонавӣ филм меофаранд, аз ояндаи пурифтихори кинои тоҷик дарак медиҳад.

Апрель 2, 2020 14:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Аъзои Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумии Чин Қалъаи бостонии Ҳисорро тамошо намуданд
Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт