Думаи давлатӣ: шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бидуни хуруҷ аз ҳудуди Россия патентҳои меҳнатиро тамдид намоянд
ДУШАНБЕ, 18.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. 17 апрел Думаи давлатии Россия дар хониши дуюм ва сеюм қонун «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаи 13-3 Қонуни федералӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсияи Россия»-ро қабул кард. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба иттилоияи Думаи давлатии Федератсияи Россия хабар медиҳад.
Қонуни мазкур ба бекор намудани маҳдудиятҳо доир ба дархости шаҳрвандони хориҷӣ ҷиҳати тамдиди муҳлати патент нигаронида шудааст.
Мутобиқи ин қонун, шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби бидуни раводид ба Россия омадаанд, метавонанд аз ҳудуди ин давлат хориҷ нашуда, барои азнавбақайдгирии патенти меҳнатӣ борҳо муроҷиат намоянд.
Тағйироти ҷоришуда ба таъмини амнияти давлатии Россия, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус низ равона шудаанд.
Тавре АМИТ «Ховар» қаблан бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия иттилоъ дода буд, 20 март бо мақсади таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, инчунин бо дарназардошти вазъи вобаста ба паҳншавии сирояти нави коронавирус Россия ба тартиби тамдиди муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламраваш сабукиҳо ҷорӣ намуд.
Аз ҷумла, мутобиқи он, шаҳрвандоне, ки бо тартиби бидуни раводид ба Россия омадаанд, метавонанд муҳлати будубоши худро новобаста аз он ки ба охир расидааст, тамдид намоянд.
Ҳамчунин қабули ариза оид ба додани иҷозат барои ҷалб ва истифодаи коргарони хориҷӣ ва иҷозатномаҳои корӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Россия истиқомат мекунанд, дубора оғоз гардид.
Илова бар он гуфта мешуд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд барои гирифтани патентҳои нав бидуни тарк кардани қаламрави Россия ва бидуни ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидан барои вайрон кардани муҳлати пешниҳоди аризаҳои дахлдор муроҷиат кунанд.
Ба шаҳрвандони хориҷие, ки дар Россия дар асоси иҷозатномаи истиқомати муваққатӣ ё иҷозат барои истиқомат зиндагӣ мекунанд, дар ҳолати ба анҷом расидани муҳлати амали ҳуҷҷати додашуда он дубора тамдид мегардад.
АКС аз Думаи давлатии ФР








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






