Фархор: «Амонатбонк» дар мавзӯи «Такмили маърифати молиявии аҳолӣ» машваратӣ омӯзишӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар доираи моҳи саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон ва Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ «Global Money Week-2020» дар филиали №61-и «Амонатбонк», воқеъ дар ноҳияи Фархор дар мавзӯи «Такмили маърифати молиявии аҳолӣ» машваратӣ омӯзишӣ доир намуд.
Аз «Амонатбонк» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар машварати омӯзишӣ муовини раиси Раёсати «Амонатбонк» Шаҳло Сайфзода ба иштирокдорони он доир ба имкониятҳои муосири бонки мардумии
Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ дода, гуфт, ки ҳадафи баргузории Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ «Global Money Week-2020» баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ва дар ниҳоди онҳо сайқал додани малакаи соҳибкорӣ мебошад.
Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ ба иштирокдорон дар бораи нақши пул, қоидаҳои идоракунии пул, банақшагирии молиявӣ ва буҷети оила, таваррум ва таъсири он ба имкониятҳои иқтисодии давлат ва субектҳои хоҷагидор, нақши бонкҳо дар рушди иқтисодиёт маълумоти мукаммал дода шуд.
Тибқи иттилои сарчашма, чорабиниҳо дар доираи «Global Money Week-2020» дар дигар филиалҳои «Амонатбонк» ва марказҳои хизматрасониҳои бонк идома дошта, моҳи апрел бо мақсади баланд бардоштани саводнокии молиявии хонандагону донишҷӯён мутахассисони «Амонатбонк» омӯзишҳо мегузаронанд.
Ҳамзамон иштирокдорони фаъоли омӯзишҳо бо туҳфаҳои хотиравии бонки мардумии Тоҷикистон — «Амонатбонк» сарфароз гардонида мешаванд.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






