Филми «Рақси зиндагӣ»: Туҳфаи баҳорӣ барои тамошо бо аҳли хонавода

Апрель 9, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 09.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» тасмим гирифтааст, ки  аз 10 то 30 апрел, ҳар рӯз дар ду вақт: соатҳои 13:00 ва 17:00 баҳри болидарӯҳии сокинони пойтахт дар Кинотеатри «Ватан»-и пойтахт силсиланамоиши филми «Рақси зиндагӣ»-ро ба роҳ монад.

Махсусияти филми «Рақси зиндагӣ» ин аст, ки онро метавон ҳамроҳ бо аҳли хонавода тамошо кард. Дар ин бора аз  Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Бори дуюм аст, ки бо дархост ва талаби дӯстдорони кино филми «Рақси зиндагӣ» рӯйи пардаи кино меояд. Филми мазкур моҳи июни соли  гузашта дар кинотеатрҳо намоиш дода шуд. Инчунин ба воситаи раёсатҳои “Тоҷикфилм” дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ пешниҳоди дӯстдорони кино гардид.

Муҳтавои филм дар бораи духтару писаре нақл мекунад, ки як садамаи ногаҳонӣ онҳоро дилбохтаи ҳам мекунад. Ба рағми ҳама монеа ва фишорҳо аз ду макон- шаҳр ва деҳа онҳо фазои ишқу муҳаббат месозанд. Зимни тамошои филм дар зеҳн саволе тавлид мешавад, ки оё онҳо то охир бо ҳам содиқ ва хушбахт мемонанд ё не?

Ҳунармандони машҳур, аз ҷумла, Аловуддин Абдуллоев, Тоҷиниссо Саидова, Мастура Ортиқзода, Абдукарим Машрабов ва дигарон дар филми «Рақси зиндагӣ» нақшҳои хотирмон иҷро намудаанд.

Филми «Рақси зиндагӣ» истеҳсоли Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” буда, коргардони он  Муҳаббат Сатторӣ мебошад.

Апрель 9, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд