Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони ноҳияи Ҷ. Расулов оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои корам суҳбату мулоқотҳо доир кард
ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо мақсади тақвияти корҳои созандагию ободонӣ, вусъати раванди кишту кори баҳорӣ, андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок бо ситодҳои кории ноҳиявӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Дар ҷараёни сафар гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо аҳолӣ, кормандони сохторҳои маҳаллии ноҳия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов суҳбату мулоқот гузаронид. Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба паҳншавии бемории COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрокӣ барои фаслҳои тирамоҳу зимистон, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, истифодаи
оқилонаи заминҳои мавҷудаи корами хоҷагиҳо ва қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, маъюбону пиронсолон дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардиданд.
Сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов 19 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад.










Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






