Гурӯҳи кории ҳукуматӣ бо сокинони ноҳияи Ҷ. Расулов оид ба истифодаи оқилонаи заминҳои корам суҳбату мулоқотҳо доир кард

Апрель 22, 2020 14:02

ДУШАНБЕ, 22.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо гурӯҳи кории ҳукуматӣ таҳти роҳбарии  Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода  бо мақсади тақвияти корҳои созандагию ободонӣ, вусъати раванди кишту кори баҳорӣ, андешидани тадбирҳои бетаъхиру самаранок бо ситодҳои кории ноҳиявӣ  дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор  дорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни сафар гурӯҳи кории ҳукуматӣ  бо аҳолӣ, кормандони сохторҳои маҳаллии ноҳия ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов суҳбату мулоқот  гузаронид. Дар вохӯриҳо масъалаҳои марбут ба паҳншавии бемории COVID-19 дар кишварҳои ҷаҳон, таъмини амнияти озуқаворӣ, захираи кофии маводи хӯрокӣ барои фаслҳои тирамоҳу зимистон, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, истифодаи

оқилонаи заминҳои мавҷудаи корами хоҷагиҳо ва қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ, риояи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана  ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, маъюбону пиронсолон дар моҳи шарифи Рамазон баррасӣ гардиданд.

Сафари гурӯҳи кории ҳукуматӣ  таҳти роҳбарии  директори  Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба ноҳияи Ҷаббор Расулов 19 апрел оғоз гардида, то 23 апрел идома меёбад.

Апрель 22, 2020 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд